29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд

904
Аз 23 то 26 майи соли 2017 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Методология ва принсипҳои нархгузорӣ дар сохтмон. Технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар соҳаи сохтмон» баргузор гардид, ки дар он Директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»- и Кумита Каримзода А.Р. ширкат намуд.
Тибқи иттилои Каримзода А.Р. кори конференсияро бо суханони муқаддимавӣ муовини якуми Вазири сохтмони Ҷумҳурии Белорус –Кручанов А.В., ифтитоҳ бахшида, Раиси Иттиҳоди сохтмончиёни Ҷумҳурии Белорус – Шеремет Н.Т., роҳбари дастгоҳи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳо - аъзоёни ИДМ- Мясников А.Д. раиси Комиссияи нархгузорӣ дар фаъолияти сохтмони назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳо - аъзоёни ИДМ- Пурс Г.А., директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон- Каримзода А.Р. инчунин намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Ҷумҳуриҳои Молдова ва Литва ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни кори конференсия, ки асосан ба мукаммалгардонии системаи нархгузорӣ, дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳо, муаррифии барномаҳои муосири автоматикунонида ва истифодаи BIM – технология равона гардида буд, иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, таҷрибаи андухтаашонроро дар пешрафти самти нархгузории сохаи сохтмон истифода хоҳанд бурд.
Ҳамкориҳои  мутақобилан судманд


Комиссияи нархгузорӣ дар фаъолияти сохтмони назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳо - аъзоёни ИДМ ҷаласаи ғайринавбатии худро оиди баррасии ҳуҷҷати Консепсияи нархгузорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳо-аъзоёни ИДМ гузаронид. Мавриди баррасии ҳуҷҷати мазкур, масъалаи ояндабинии системаи нархгузорӣ дар давраҳои солҳои 2017-2020, 2021-2023 ва 2024-2028 дар сатҳи давлатҳои ИДМ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд оиди наздиккунонии системаҳои мавҷуда ва роҳҳои пайдо намудани имкониятҳо оид ба роҳ мондани барномаҳои муосири автоматикунонӣ ҷиҳати осон намудани корбарӣ ва сарфаи вақт дида баромада шуд. Ба аъзоёни комиссия то моҳи августи соли 2017 фурсат дода шуд, ки таклифу пешниҳодотро то 01 сентябри соли ҷорӣ ба котиби комиссия равон намоянд ва дар кори комиссияи нархгузорӣ, ки даҳаи авали моҳи сентябри соли 2017 дар Федератсияи Россия баргузор мегардад, ҷиҳати тасдиқи ин ҳуҷҷат иштирок намоянд.
Ҳамкориҳои  мутақобилан судманд
Бо мақсади боз ҳам мукаммалгардонии лоиҳаи Консепсия аъзоёни комиссия вазифадор гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо ташкил кардани сафари хизматӣ системаи нархгузории соҳаи сохтмони мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи ҷаҳонро омӯзанд (аз ҷумла Туркия). Инчунин таклиф пешниҳод гардид, ки оиди ташкил ва гузарондани ҷаласаи навбатии нуҳуми Комиссия дар Федератсияи Руссия котиби комиссия ба унвонии Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналии Федератсияи Россия мактуб омода ва ирсол намояд. Кори Комиссияи ғайринавбатӣ ва Конференсияи 4-уми байналхалқии илмӣ-амалӣ пурсамар дар муҳити дӯстона гузаронида шуд.
-Дар давраи сафари хизматӣ вохуриҳои дуҷонибаро бо роҳбарияти Маркази нархгузории Ҷумҳурии Қазоқистон- Хасен А.А., Ҷумҳурии Озарбойҷон-Бабаев Г.Г., Ҷумҳурии Молдова-Кроитору Г.Н. ва муовини якуми роҳбари Раёсати федералии «Главгосэкспертиза России»- Лищенко И.Н. гузаронида оиди таҷрибаи ин давлатҳо дар самти нархгузорӣ шинос шудем,- мегӯяд Каримзода А.Р.
- Санаи 26 май, вохӯрии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус баргузор гардида мувофиқ ба Шартномаи баимзорасонидашудаи байни Марказҳои нархгузории ду давлат, ҳаҷми корҳои иҷрошуда оиди расонидани ёрии машваратӣ-консултативӣ натиҷагирӣ гардида, санадҳои марбута ба имзо расонида шуданд. Инчунин лоиҳаи Шартномаи расонидани ёрии методологӣ аз ҷониби ГУП «РНТЦ» Ҷумҳурии Белорус ба КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» дар мӯҳлати моҳҳои июл-декабри соли ҷорӣ баррасӣ гардида, мавриди омузиш қарор дода шуд.

Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво