19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Суғд барои таъмири беморхонаҳо 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид

836
Дар соли 2017 барои таъмири иншооти тандурустии вилояти Суғд зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур асосан баҳри таъмири Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов, ҳамчунин барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонидаи Маркази бемориҳои дил, Маркази клиникии эндокринологӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ равона карда шудааст.
Ҳамчунин бо иқдоми раисони шаҳру навоҳии вилоят як қатор амалҳои созанда дар самти бунёди гармидиҳии муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то ин муддат барои корҳои таъмиру тармимӣ дар иншооти тиббӣ беш аз 5 миллион сомонӣ масраф гардид.
Имсол дар соҳаи тандурустии вилоят ба истифода додани 2 иншоот дар назар аст. Инҳо шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ва шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом мебошанд. Маблағгузории ин иншоот пурра аз буҷети вилоят сурат гирифта, таҷҳизоту лавозимоти муосир аз давлатҳои мутараққӣ харидорӣ мегарданд.
Инчунин бо дастгирии Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар се ноҳияи таҷрибавии вилоят- Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ сохтмони якчанд маркази саломатӣ оғоз гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво