28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

5-октябр – Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ

1459
Ҳар сол дар аввалин рӯзи душанбеи моҳи октябр меъморони тамоми дунё ва ҳаводорони санъати меъморӣ, Рӯзи Умумиҷаҳонии меъмориро (World Architecture Day) қайд менамоянд.

Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ соли 1985 аз тарафи Иттифоқи Байналхалқии Меъморӣ таъсис ёфтааст. Қаблан Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ 1 июл қайд карда мешуд. Соли 1996 бошад, дар Барселона баъд аз Конгресси меъморон дар Ассамблеяи 20-уми Иттифоқи Байналхалқии Меъморон қарор қабул гардид, ки Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ дар аввали рӯзи душанбеи моҳи октябр қайд карда шавад.

Иттифоқи Байналхалқии Меъморон соли 1948 дар шаҳри Лозанна (Швейсария) бо иштироки вакилони 27 давлати дунё ташкил ёфтааст. Иттифоқи меъморони СССР яке аз таъсискунандагони ин ташкилоти байналхалқии меъморӣ мебошад. Ҳоло дар ҳайати Иттифоқи Байналхалқии Меъморон зиёда аз 120 иттифоқҳои меъморони давлатҳои ҷаҳон, ки худ зиёда аз 1,3 миллион меъморро дар бар мегирад, аъзо ҳастанд. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ аз соли 2005 аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналхалқии меъморӣ мебошад.

Ҳоло бе санъати меъморӣ ҳаёти одамонро тасввур кардан бениҳоят душвор аст. Меъморӣ ва шаҳрсозӣ – ин он фазои эҷодие мебошад, ки бо маҳсули он ҳамарӯза ҳар яки мо доимо бармехӯрем.

Рӯзи Умумиҷаҳонии меморӣ одатан дар шакли гузаронидани чорабиниҳои гуногуни меъморӣ: симпозиумҳо, коференсияҳо, намоиш озмунҳои лоиҳаҳо, вохӯриҳо ва маҷлисҳо, ки дар он ба аъзоёни нави Иттифоқи меъморон шаҳодатномаҳои узвиро месупоранд, гузаронида мешавад.
Меъморони ҷумҳурӣ низ ҳамасола Рӯзи Умумиҷаҳонии меъмориро ботантана қайд менамоянд. Дар Бахшҳои вилоятии Хатлон ва Суғд вохӯрии меъморон барпо мегардад, дар Хонаи меъморони Тоҷикистон бошад, ба як гурӯҳ меъморон, ки ба аъзогии Иттифоқи меъморони Тоҷикистон қабул гаштаанд, шаҳодатномаҳои узвӣ супорида мешаванд ва ба иштирокчиёни намоиш – озмуни байналхалқии меъморони ҷавон – «Леонардо-2015», ки дар аввали моҳ дар шаҳри Минск баргузор гардид, дипломҳои ин озмун супорида мешаванд.

Беҳтарин асарҳои меъморони тоҷик ва донишҷӯёни Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни Байналхалқӣ, ки ба муносибати Рӯзи меъморӣ дар Боку баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ҳамаи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбӣ- Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ табрик менамоям. Барояшон саломатӣ, бурдбориҳо ва дар фаъолияти эҷодиашон муваффақиятҳои дурахшонро орзумандам.

5-октябр – Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ
Юсуфов Баҳром,
раиси Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво