19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкати «КЛМ групп» масолеҳашро муаррифӣ намуд

752
Бо иштироки мувоини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зӯҳро Окимбекова, намояндагони ширкати «КЛМ групп» ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзи 25-уми май дар толори Кумита намоиш-муаррифии масолеҳи сохтмонии энергетикӣ баргузор гардид. З.Окимбекова бо сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хайра мақдам гуфта, мақсад аз баргузории чунин машваратҳоро дар иҷрои супоришҳои Нақша-чорабиниҳои Кумита арзёбӣ намуд. Муовини Раиси Кумита қайд кард, ки бо мақсади шиносоӣ аз нозукиҳои асосии соҳа ва аз худ намудани усулҳои навтарини он ширкатҳои сохтмонӣ барои муаррифии масолеҳашон дар Кумита пайваста семинар-машваратҳо баргузор менамоянд. Кормандони ҷавони Кумитаро мебояд, ки дар чунин семинарҳо фаъолона иштирок карда, бо нозукиҳои он шинос шаванд.
Ширкати «КЛМ групп» масолеҳашро муаррифӣ намуд


Намоиш – муаррифии ширкати «КЛМ групп» бо кормандони Кумита дар сатҳи баланд доир гардид. Намояндагони ширкат масолеҳи истеҳсолиашонро ба таври пурра муаррифӣ намуда, истифодаи онро дар сохтмонҳои минтақаҳои мухталиф, инчунин сарфаи қувваи барқ шарҳ доданд. Хотиррасон бояд кард, ки ширкати «КЛМ групп» намудҳои гуногуни лампаҳои электрикӣ, ноқилҳои гузарандаи қувваи бо шиддати паст аз 25A то 6300A бо дараҷаи муҳофизатии IP55 - IP68, миёна ва шиддати баланд, дастгоҳи барқии бо иқтидори паст, трансфарматорҳои хушк ва нафтӣ, таҷҳизоти равшандиҳанда ва ҳамсоли чунин масолеҳро истеҳсол мекунад.Ширкати «КЛМ групп» масолеҳашро муаррифӣ намуд

Масолеҳи ширкати «КЛМ групп» дар қаламрави Русия ва давлатҳои дигари ИДМ барои мизоҷон ва харидорон ба фурӯш монда, аз он ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ба иттилои намояндагони ширкат дар муддати зиёда аз 10 соли фаъолият онҳо бештар аз 400 лоиҳаи мураккаби гуногунро дар зиёда аз 55 минтақаҳои Руссия ва давлатҳои ИДМ бомуваффақият амалӣ намуданд. Дар истеҳсолот тамоми қоидаҳо риоя карда шуда масолеҳ кафолати бисёрсола дорад.
Сипас, мутахассисони Кумита як қатор саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби намояндагони ширкати «КЛМ групп» посух ва маслиҳатҳои муфид гирифтанд.
Ширкати «КЛМ групп» масолеҳашро муаррифӣ намуд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво