18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ояндаи неки санъати меъмории тоҷик

1318
Бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо ба муносибати 80-солагии Иттифоқи меъморони Белоруссия аз 3 то 6 сентябри соли ҷорӣ мо бо Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсуфов ба шаҳри Минск сафар намудем. Ба ин муносибат дар шаҳри Минск Иттифоқи меъморони Белоруссия бо дастгирии Вазорати меъморӣ ва сохтмони Белоруссия, Вазорати фарҳанги Белоруссия ва Коммитети иҷроияи шаҳри Минск Фестивали меъмориро гузаронид. Дар чорчӯбаи Фестивали меъморӣ дар майдони марказии шаҳр Намоиш – озмуни беҳтарин лоиҳаҳои меъморони Булоруссия, намоиши лоиҳаҳои меъморони Руссия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Италия, Олмон, Сербия, Латвия, Литва ва Словения, беҳтарин лоиҳаҳои дипломии хатмкунандагони Донишгоҳҳои меъмории Белоруссия ва лоиҳаҳои озмуни Байналхалқии меъморони ҷавон - «Леонардо-2015» баргузор гардид, ки сокинон ва меьмонони шаҳри Минск тавонистанд бо ин лоиҳаҳо аз наздик шинос гарданд. Гуфтан лозим аст, ки ин чорабиниҳои меъморӣ хеле шавқовар гузаштанд.

Ояндаи неки санъати меъмории тоҷик
Дар сурат: Юсуфов Б.Н. бо декани факултети меъмории Донишгоҳи техникии Белоруссия Сардаров А.С. дар ҳалқаи донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Минск

Бо хоҳиши Юсуфов Б.Н. ба ин чорабинӣ ҳамаи донишомӯзони тоҷик, ки ҳоло дар курсҳои сейуми шӯъбаи меъмории Донишгоҳи техникии Белоруссия, ки ду соли аввал дар шаҳри Душанбе хонда, ҳоло хониши худро дар Белоруссия давом дода истодаанд, даъват карда шуданд. Донишомӯзони тоҷик бо сарварии декани факултаи меъморӣ Сардаров Армен Сергеевич ба чорабиниҳои Фестивали меъморӣ ташриф оварданд. Мавриди ёдоварист, ки ҳоло дар факултети меъмории Донишгоҳи техникии Белоруссия 24 нафар донишомӯзони тоҷик, 9 нафарашон дар курси чорум ва 15 нафари дигар дар курси сейум касби меъмориро азхуд карда истодаанд. Боиси ифтихор буд, ки Армен Сергеевич ба дониш ва рафтори донишомӯзони тоҷик баҳои баланд дод.

Вохӯрии мо бо донишомӯзони тоҷик хеле пурҳаяҷон ва натиҷабахш буд. Юсуфов Б.Н. донишомӯзони тоҷикро бо беҳтарин асарҳои меъморон, ки ба намоиш гузошта шуда буд, шинос кард ва дар Намоишгоҳ онҳоро бо меҳмонони фахрии Фестивал - меъморони варзидаи Руссия, Белоруссия, Сербия, Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Руссия Александр Кузмин, Котиби Генералии Иттифоқи Байналхалқии Меъморон Томас Вониер, шинос намуд. Аз ин вохӯриҳо донишомӯзони тоҷик хеле хурсанд шуда, барои хотира бо онҳо расм гирифтанд. Дар синну соли онҳо чунин вохӯриҳо бо меъморони номи ҷаҳонӣ дошта, бешубҳа дар калбашон нақши муассир мегузоранд ва дар омӯзиши касби меъморӣ такони нав медиҳанд.

Баъд аз иштирок дар чорабиниҳои меъморӣ пеш аз баргаштан ба Душанбе боз дубора бо донишомӯзони тоҷик дар Донишгоҳ вохӯрда, бо онҳо оиди омӯзиши касби меъморӣ дар Минск, иштирок дар ҳаёти меъмории Белоруссия маслиҳатҳои муфит додем.

Дар вақти вохӯриҳо бо донишомӯзони тоҷик ман ба онҳо ҳасад мебурдам, ки касби меъмориро дар яке аз пуриқтидортарин Донишгоҳи меъморӣ меомӯзанд ва дар айни замон аз он хурсанд будам, ки ояндаи санъати меъмории ҷумҳуриамон дар дасти ин ҷавонон аст, ки дар ин кишвари дурдаст бо тамоми ҳастиашон аз паи омӯзиши касби сеҳрноки меъморӣ ҳастанд.

Ҳасаналӣ Суяров,
директори ширкати лоиҳакашии «Архиком»,
аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво