29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон», «Дави миллӣ» ва «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон» бахшида ба Соли ҷавонон

931
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 майи соли 2017 «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» ва аз 12 майи соли равон дар бораи эълон ва баргузор намудани «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба тасвиб расиданд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр намуданд, ки тибқи қарорҳои мазкур мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» 20 майи соли 2017, аз соати 8:00 то 11:00 , «Дави миллӣ» 21 майи соли 2017, аз соати 8:00 то 11:00 ва аз 15 то 22 майи соли 2017 «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор карда мешаванд.

Бо қарори дахлдор нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар ин мусобиқаҳо таъмин намоянд.

Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида маросими расмии кушодашавии «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» 15 майи соли 2017, соати 14:00 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ва маросими пӯшидашавии он 20 майи соли 2017, соати 16:00 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» -и шаҳри Душанбе доир мегардад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво