19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумаки Кумита ба мактаб-интернати Хуҷанд

1165
Ҷиҳати таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № АП-159 ва супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2015, № 25/4-103 бо мақсади расонидани кӯмак ба муносибати иди Қурбон Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор нақша-чорабиниҳо тартиб дод. Бо ин мақсад рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ ба мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, ки дар он 227 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сарпарасти он мебошад, дар асоси дархости роҳбарияти мактаб-интернати мазкур аз 18 сентябри соли 2015 дар вазъияти тантанавӣ кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла биринҷ 100 кг ба маблағи 800,00 (ҳаштсад) сомонӣ, марҷумак (гречка) 50 кг ба маблағи 400,00 (чорсад) сомонӣ, макарон 50 кг ба маблағи 325,00 (сесаду бисту панҷ) сомонӣ, орд 100 кг ба маблағи 350,00 (сесаду панҷоҳ) сомонӣ, мош 30 кг ба маблағи 300,00 (сесад) сомонӣ ва тухм 300 дона ба маблағи 219,00 (дусаду нуздаҳ) сомонӣ тақдим гардид.

Маблағи умумии кумаки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд 2754,00 (ду ҳазору ҳафтсаду панҷоҳу чор) сомониро ташкил дод.

мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво