18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳадяи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

923
 Ҳадяи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори навбатии худро «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ба имзо расонид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур, сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе М. Убайдзода вазифадор гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои расонидани кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ ва ба шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ ҷудо намояд.
Ба муовинони раиси шаҳр супориш дода шуд, ки маблағҳои ҷудошуда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бевосита ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд, зимни аёдат дар манзили истиқоматиашон дар рӯзҳои муайянгардида ё дар чорабиниҳои тантанавӣ тақдим карда шаванд.
Қарори мазкур бо мақсади пос доштани хотира, арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, инчунин барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба ифтихори 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ба тасвиб расид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво