Главная > Ташкилотҳои системаи Кумита > Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


26-01-2022, 10:11.
Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»




ДИЛШОД ШАРИФЗОДА
Директори КВД "ЛОИҲАКАШ"

МАЪЛУМОТНОМА

Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 №579 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда то ин ҷониб фаъолият намуда истодааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ” дар 62 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои фаръӣ таъсис додааст. Зиёда аз 445 мутахассисони соҳа ба фаъолият сафарбар карда шудаанд.
Самти асосии фаъолияти Корхона аз расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ ва дар ин васила тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» Баҳри амалисозии мақсад, самт ва вазифаҳои Оинномавӣ, Корхона фаъолияти зеринро амалӣ месозад:
- омода намудани таклифу пешниҳодҳо бобати тасҳеҳи Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, иштирок дар таҳияи Нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии муфассал, лоиҳаи банақшагирии минтақавӣ, нақшаҳои ҷойгиршавии коммуникатсияҳои муҳандисӣ, пайвастшавии роҳҳо ва ғайра;
- таҳияи бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда;
- омодасозӣ ва ба мақомоти меъмориву шаҳрсозӣ пешниҳод намудани таклифҳои лоиҳавӣ бобати ҷойгиркунонии иншоот, коммуникатсияҳои муҳандисиву нақшаи нақлиётӣ;
- омодасозӣ ва пешниҳоди маълумотҳои аввала барои лоиҳакашии ҳамаи намудҳои иншоот;
- бо дархости мақомоти марбутаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дар асоси шартнома бо фармоишгарон мувофиқи тартиби муқарраршуда омода намудани супоришҳои меъморию банақшагирӣ;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ- харҷномавии сохтмон, азнавсозӣ, аз нав таҷҳизонидан, аз нав тарҳрезии иншооти сохтмони капиталӣ;
- пешбурди корҳои топографию геодезӣ, нусхабардории иҷроишӣ;
- иҷрои корҳо оид ба мувофиқасозии лоиҳа дар маҳал ва ҷойгиркунонии иншоот;
- таҳияи лоиҳаҳои мавзеъҳои ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва манзараҳои меъмории аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дошта, дизайни шаҳру ноҳия ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, лоиҳаҳои тармими муҷассамаҳои меъморӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ;
Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»
- таҳияи лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳаҳои иншооти муваққатӣ, аз ҷумла иншооти хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, дар қитъаҳои заминҳои ҷамъиятҳои атрофи боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ободонии қисмҳои ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ;
- дар асоси шартнома бо ширкатҳои соҳибмулкони манзил амалӣ намудани азназаргузаронӣ ва таҳқиқи бино, ҳудуди он ва дар доираи қоидаву меъёрҳои амалкунандаи сохтмониву меъморӣ пешниҳод намудани тавсияҳо бобати имконияти ҷойгирнамоии иншооти нав, аз он ҷумла сохтмони сабук;
- таҳияи лоиҳаҳои дигаргунсозии (азнавтаҷҳизонии) биноҳои таъиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷудбуда анҷом дода шуда, ивазкунии конструксияҳои борбардорро талаб намекунанд;
- таҳияи лоиҳаҳои шакли (иншооти) хурди меъморӣ, майдончаҳои кушодаи варзишӣ, роҳравҳо, сангфарш кардани атрофии биноҳо, лоиҳаҳои ороиши бадеӣ ва таҷҳизонии муҳит, дизайн ва рекламаи беруна;
- пешбурди назорати муаллифӣ дар сохтмон;
- дар асоси фармоиш - шартнома бо тартиби муқарраршуда омода намудани супориши меъморию банақшагирӣ;
- ташкил намудани намоиши лоиҳаҳои иншооти сохтмонӣ;
- бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон мусоидат намудан барои эҳё ва такмил додани мактаби миллии меъмориву лоиҳакашӣ;
- ба фармоишгарон расондани кӯмаки муздноки ташкилӣ, методӣ ва ғайра оид ба масоили меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- бо тартиби муқарраргардида мусоидат намудан барои ташкил ва амалисозии кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги иншоотҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;
- ба анҷом расонидани амалиёти воридотию содиротӣ ва фаъолияти дигари иқтисодии хориҷӣ;
- тавлиди маҳсулоти чопӣ ва интишори он, ба ин васила хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ;
- таҳияи шиносномаҳои рангубори биноҳои мавҷуда дар кӯчаҳои протоколии шаҳру ноҳияҳо ва ороиши гулгашту хиёбонҳо.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ намуда, фаъолияти худро дар асоси Оинномаи корхона, нақшаи корӣ баҳри иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ, тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Барои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта аз қабили Парчаму Нишони давлатӣ дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Сангвор, Ванҷ, Хуросону Кушониён ва дар шаҳри Турсунзода лоиҳаи бинои Амфитеатр барои 574 ҷойи нишаст, лоиҳаи “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми барои 640 нафар” дар шаҳри Хуҷанд, лоиҳаҳои “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 нафар” дар кучаи Дустии Халқҳои шаҳри Душанбе ва “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми барои 1280 нафар” дар кучаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе, лоиҳаи “Бинои кӯдакистони 2-ошёна барои 160 ҷой, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ” инчунин лоиҳаи кории “Боғи фарҳангию фароғатӣ” ва лоиҳаи “Осорхонаи ноҳияи Муминобод” таҳия гардида ба фармоишгарон пешниҳод карда шуданд.

Дар соли 2021 лоиҳаи муфассали банақшагирии (ПДП) маҳаллаи “Баҳор” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳия гардида ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд. Айни замон лоиҳаи муфассали банақшагирии (ПДП) қисмати 2-юми кучаи Дустии Халқҳо аз қисмати ҷанубӣ – аз бурриши кучаи Нисор Муҳаммад то қисмати шимолӣ кучаи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди таҳия ва коркард қарор дорад
Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»
Аз ҷониби мутахассисиони дастгоҳи марказии КВД “Лоиҳакаш” лоиҳаҳои кории «3 (се) бинои баландошёнаи истиқоматӣ иборат аз блокҳои А, Б ва В, бо ҷойгиронии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаи аввали блоки А ва тавақуфгоҳи нақлиёти автомобилӣ дар таҳхонаи онҳо, дар заминаи биноҳои истиқоматии бисёрманзилаи фарсуда ва иншоотҳои мавҷуда, воқеъ дар кӯчаи Ҳ. Саидмуродов (собиқ 1-ум гузаргоҳи кӯчаи Лоҳути) №№6 “а” ва 8, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе», «Бинои истиқоматии 14 (чордаҳ) ошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ду ошёнаи аввал ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар таҳхонаи он, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ №16, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе», «Лоиҳакашии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ иборат аз блокҳои А, Б, В, Г ва Д бо ҷойгиронии маркази саломатӣ дар ошёнаи дуюми блоки А, марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи нақлиёти автомобилӣ дар таҳхонаи онҳо, дар заминаи манзилҳои истиқоматии шахсӣ №№15 “а”, 118, 168,168, 168, 168, 168, 207, 207/1, 208, 210, 210 “б”, 211, 211/1, 211/2 ва 309, воқеъ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум ва кӯчаи Ҳисор, ноҳияи Сино», лоиҳаҳои “Беморхонаи сироятӣ” дар ноҳияҳои Нуробод ва Шамсиддини Шоҳин ва «Лоиҳакашии биноҳои баландошёнаи истиқоматии бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиронии марказҳои савдову хизматрасонӣ, муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 ҷой дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи нақлиёти автомобилӣ дар таҳхонаи онҳо» воқеъ дар кучаи А.Ҷомӣ, шаҳри Душанбе таҳия гардидаанд.
Инчунин лоиҳаи бинои истиқоматии 16-ошёна дар кучаи Лоҳутӣ” ба имзо расонида шуд. Лоиҳаи “Биноҳои истиқоматии бисёрошёна, блоки А,Б, В, Г, Д, Е, З, И, К ва М 9 (нуҳ) ошёна ва Ж, И ва Л 8 (ҳашт) ошёна бо ҷойгиронии таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар таҳхонаи онҳо, боғча барои 100 ҷой дар ошёнаҳои аввали блоки К ва таҷдиди бинои мавҷуда бо табдил додани он ба маркази тиббӣ, дар заминаи иншоотҳои хусусӣ ва манзилҳои истиқоматии шахсӣ, воқеъ дар кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Роҳи Нави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе” мавриди коркард қарор доранд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»


Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

Вернуться назад