Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Шаҳрофар»

АСОСГУЗОРИ ЛОИҲАКАШИИ СОХТМОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН


Бо таърихи беш аз 80-солаи таъсисёбии пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии давлатии «Тоҷикгипрострой» (ҳоло ҶСК «Шаҳрофар») навовариҳои зиёд дар сохтмон ва меъморӣ вобастагӣ дорад. Хусусан бо танзими кори лоиҳакашӣ суръати сохтмони асосӣ, тайёр намудани мутахассисони маҳаллии меъморию сохтмонӣ, ташкили соҳаҳои гуногуни истеҳсоли сохтмонӣ бо шабакаи шохаҳои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ташаккул меёбад. Бинобар ин, бо эътимод Ҷамъияти «Шаҳрофар»-ро на танҳо шаҳрдори кори лоиҳакашӣ, ки вазифаи минтақавӣ оид ба шаҳрсозӣ ва сохтмони манзилию гражданӣ дар кишвар, балки тарбиятгоҳи мутахассисони меъморию сохтмонӣ номбар мекунанд. Ҳоло бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он (ИМА, Канада, Олмон, Русия, Украина ва ғайра) лоиҳакашони «Шаҳрофар» бо муваффакият фаъолият доранд ва таснифи онҳо намунаи санъати меъмории баланд гардиданд. Ба қатори онҳо Э. В. Ерзовский, Ю. Л. Пархов, Т. Кауда, О. Куршеитов, В. Пашков, В. Безлаковский, И. Безлаковский ва бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст. Аз рӯи акси иншоотҳое, ки Ҷамъият то имрӯз лоиҳаи онҳоро барои минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, таърихи ба амал омадан ва рушди мамлакатамонро омӯхтан мумкин аст. Бо дастони мутахассисони Ҷамъият иншоотҳои зерин таҳия шуданд: Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Телевизиони «Сафина» (пештара Филармония), Донишгоҳи омӯзгорӣ ва тиббии Тоҷикистон, Осорхонаи кишваршиносӣ, меҳмонхонаҳои «Пойтахт» ва «Авесто», Қасри маданият ва иттифоқҳои касаба (ҳоло филармонияи Тоҷикистон), театри акустии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Чойхонаи «Роҳат», маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», «Кохи Ваҳдат», Марказҳои ҳисоббарорӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ, Бонки сохтмонӣ ва маркази Идораи оморӣ, Маркази давлатии «Табиат», биноҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Иттифоқи нависандагон, истироҳатгоҳи Хоҷа-Обигарм, Донишгоҳи омӯзгории ш. Хуҷанд, хонаи маърифат дар ш. Хоруғ, хонаҳои истиқоматии 4, 5, 8-9, 12-16 ошёна барои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ. Дар таҳия ва сохтмони ин ишоотҳои азим меъморони варзида чун Э. С. Ерзовский, Ю. Н. Пархов, С. Д. Исоева, А. И. Ламкин, В. И. Пашков, М. Бобосаидов, Г. В. Губиш, В. Я. Безлаковский, И. Я. Безлаковский, Н. С. Максимов, А. А. Подопригора, А. А. Ткаченко, А. В. Финогеев, А. И. Макуха, О. А. Кокалевский, И. А. Введенская, В. Ф. Еременко, О. Куршеитов, А. П. Николаев, В. Г. Чеканов, Э. С. Солиҳов, В. И. Бирюков, В. В. Морозов, В. А. Юлдошев, Т. Ф. Потехина ва муҳандисон: Л. Г. Авгитов, В. М. Хомяков, И. С. Вавилов, В. М. Бирюков, С. В. Новокрещенов, М. И. Рустамкулов, П. А. Вавилова, Р. С. Микалаускейне, А. С. Смайлов, Л. И. Гимелштейн, В. И. Гимелштейн, В. Ф. Политова, Ф. А. Афанасева саҳмгузорӣ намуданд.

[center]Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Соли 1991 баъд аз эълон намудани роҳи рушди мустақилона дар Тоҷикистон, ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, дар пажӯҳишгоҳ мутахассисони озмудае монданд, ки аз ӯҳдаи таҳияи лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмонии сатҳи баланд мебаромаданд. Барои боварӣ ҳосил кардан ба симои имрӯзаи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа, Истаравшан, Исфара ва дигар шаҳру ноҳияҳо нигаристан кифоя мебошад, ки дар даҳсолаи охир обуранги махсус ва хусусияти миллӣ гирифтанд. Дар ин самт саҳми арзандаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Шаҳрофар» - ро, ки ҳоло дар он мутахассисони таҷрибадор чун М. Б. Бобосаидов, Э. М. Примқулов, С. Ҷ. Суяров, Т. Б. Филиппова, Т. Б. Письменская, Г. Х. Давлатова, В. А. Юлдошев, Е. А. Азаматова, Алексеенкова, Ҷ. А. Рашидбеков, Ю. С. Исҳоқов, Х. Саидмуродов, Д. Ҳомидов, Х. Мирзоева, А. ӯ. Абдуллоев, О. Н. Буровцева, М. Н. Мелюшкина, М. Н. Одинаева, Газизова, Назирова, С. Гуля, С. Ёгибеков, Ш. Набиев, Р. Муродов ва дигарон кору фаъолият менамоянд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Аз соли 1992 то соли 1994 ба сабаби оғози ҷанги гражданӣ ва кӯчидаравии мутахассисон ва кам шудани шумораи фармоишҳо, норасоии ҳайати мутахассисони Ҷамъият ба амал омад. Аз 600 нафар лоиҳакашон кариб 150 нафар монду халос. Ба туфайли тадбирҳои саривақтии мақомоти болоии соҳа иқтидори лоиҳакашии ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд.

Пас аз ҷаласаи таърихии 16-уми Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъият оид ба барқарорсозии хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ намуд. Дар муддати кӯтоҳ як силсила корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ оид ба барқарорсозии биноҳои дар ҷанг зарардида бо таври мустаҳкам таҳия намудани конструксияҳо ва таъмиру тармим дар шаҳрҳои Кӯрғонтеппа, Ёвон, инчунин чандин иншоотҳои муҳим дар ноҳияҳои Колхозобод, Шаҳритуз, Қубодиён, Рашт ва Кӯлоб, ба ҷо оварда шуданд. Барои як катор иншооти шаҳракҳои Балҷувон, Шӯробод, Комсомолобод ва ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Кӯрғонтеппа, Кӯлоб ва минтақаҳои дигари вилоят маводи лоиҳавию харҷномавӣ, «Феҳрасти ягона барои блоксексияҳои калонҳаҷми 5-9 ошёнаи силсилаи 165» ва қолиби яклухт барои хонаҳои 2 ошёнаи деҳот таҳия шуда буданд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Гуфтан зарур аст, ки нақшаи генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ танҳо дар «Шаҳрофар» таҳия мешаванд ва дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона корхона мебошад. Бо мақсади таъмини иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъият, ки бо нақшаи кории он тасҳеҳи нақшаҳои генералӣ то соли 2015 пешбинӣ шудааст, ба тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ намуд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Дар давраи солҳои 2002-2011 нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаи тарҳи муфассали минтақаҳои зерин тасҳеҳ ва таҳия шуданд: шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Хуҷанд, Норак, Данғара, Ҳисор, Хоруғ, ноҳияҳои Шаҳринав, Дарбанд, Нуробод, Балҷувон, Тавилдара, Шуғнону Тоҷикобод ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рудакӣ. Баҳри таъмини Барнома ҳоло нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои тарҳи муфассали шаҳрҳои Роғун ва шаҳраки Обигарм, Кӯрғонтеппа, Исфара, Истаравшан, Турсунзода, Роштқалъа мавриди таҳия қарор дошта, тасҳеҳи нақшаҳои генералии беш аз 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ноҳияҳои Рӯшон, Мурғоб, Ишкошим, Ванҷ, Дарвоз дар назар аст. Ҳамзамон, мутахассисони Ҷамъият бобати тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе барои пажӯҳишгоҳи Гипрогори шаҳри Маскав ёрии амалӣ мерасонанд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Ҷамъият ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён, ки ҷашни он соли 1999 қайд карда шуда, дар чорабиниҳо оид ба таҳияи лоиҳаи иншооти нодир – Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузошт. Муаллиф ва сармеъмори лоиҳа Лауреати ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, академик Б. А. Зуҳуриддинов, меъморон З. Р. Юсупов, С. А. Зуҳуриддинов ва И. Сайфитдинов, сарконструктор Б. М. Ишанов ва муҳандисон Т. Б. Филиппова, Л. Б. Доронина мебошанд.

Ҳамзамон, солҳои охир лоиҳаҳое, ки бо ширкатҳои Федератсияи Русия, Олмон, Туркия, Куриё, Франсия, Қатар ва ғайра таҳия шуданд, барои шароити маҳаллии сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъият барои сохтмони онҳо дар шаҳри Душанбе мувофиқа шуданд. Аз ҷумла меҳмонхонаи 5-ситорадори «Ҳаят», маркази дафтари «Созидание» дар кӯчаи Айнӣ, терминали нави фурудгоҳи байналхалқӣ, шаҳраки «Диёри Душанбе» дар тӯли кӯчаи Н. Ганҷавӣ, инчунин хонаи истиқоматии 25-ошёна ва маркази савдо дар шаҳри Хуҷанд ва ғайра.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Ба муносибати соли 2010 ҷашнгирии рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ангораи биноҳои маъмурӣ барои бунёди онҳо дар маркази ноҳияи Шуғнон аз тарафи мутахассисони Ҷамъият бо дарки масъулияти баланд таҳия шуда, ба фармоишгар дар мӯҳлатҳои пешбинишуда пешниҳод гардид. Инчунин, дар ин давра барои таъмини оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва дастгирии оилаҳои фавтидаи ноҳияи Ванҷ саривақт аз тарафи Ҷамъият қисми зарурии нақшаи генералӣ оид ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ таҳия гардида, ба фармоишгар пешниҳод шуд. Мавриди зикр аст, ки моҳҳои май-июни соли 2010 барои таъмини оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ва дастгирии оилаҳои фавтидаи шаҳри Кӯлоб саривақт лоиҳаи хонаҳои якошёна бо ҳисоби масолеҳи асосии сохтмонӣ (семент, оҳан, бетон, хишт ва шифер), ҳамзамон нақшаҳои генералии зиёда аз 15 мавзеи нав дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ ва Шӯрообод омода карда шудаанд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Анъанаи мустаҳкам намудани сафи кормандони Ҷамъият ва тарбияи мутахассисони ҷавони он дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ, ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба илму касбомӯзӣ ва тарғиб намудани тарзи зиндагии солим, пайваста ба ин баланд бардоштани сатҳи маърифати кормандон дар ҷомеа яке аз омилҳои асосӣ мебошад. Дар давраи солҳои 2003-2011 афзудани сафи кадрҳо аз ҳисоби хатмкунандагон ба назар мерасад. Ҳоло ин ҳайат беш аз 40 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Масъалаи тайёр намудани меъморон, кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳо барои фаъолият дар Ҷамъият дар маркази таваҷҷӯҳ мебошад. Барои омӯхтани таҷрибаи пешаздипломӣ бо ташкили маслиҳат ва роҳбарӣ кардан оид ба таҳияи диплом дар Ҷамъият шароит фароҳам оварда шудааст. Мутахассисони соҳибтаҷриба комиссияҳои имтиҳонии давлатиро оид ба ҳимояи дипломи муассисаҳои олии таълимӣ роҳбарӣ менамоянд бо мақсади тадбирҳои интихоби касбу ҳунар барои мутахассисони ҷавон вобаста ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ ҷаҳду талош меварзанд. Номбар кардани мутахассисони варзидаи Ҷамъият айни муддаост: С. Ҷ. Суяров, Э. М. Примқулов, М. Б. Бобосаидов, Т. Б. Филиппова, Ҷ. А. Рашидбеков, Г. Х. Давлатова, Х. М. Мирзоева, Д. Ҳомидов.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Дар шароити мушкилтарини нарасидани мутахассисон ва ҳаҷми корҳо пажӯҳишгоҳ тавонист сафи асосии мутахассисонашро нигоҳ дорад. Анъанаи мустаҳкам намудани сафи кормандони худ ва тарбияи мутахассисони ҷавонро давом дода, сафи кормандон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷалб намудани мутахассисони варзида зиёд мегардад.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Ҳоло Ҷамъият дорои иқтидори кофии мутахассисони соҳибтаҷриба, насли навраси лоиҳакашон ва шароити зарурӣ барои фаъолият мебошад. Барои ҳалли масъалаҳои минбаъдаи шаҳрсозӣ, тарҳрезӣ ва таҳияи бинову иншоотҳои муҳим ва масъулиятнок Ҷамъият пурра омода мебошад. Ҳайати кории Ҷамъият оид ба рушди кори лоиҳакашӣ, инчунин нигоҳ доштан ва зиёд кардани он анъанаҳои лоиҳакашӣ, ки дар фаъолияти бисёрсолаи худ ташаккул ёфтааст, иборат аст. Барои шӯъбаҳои истеҳсолӣ оид ба кори эҷодӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Оид ба лоиҳакашии ҳозиразамон компютерҳо ва дастгоҳҳои муосири техникӣ, сехи муқовабандӣ, инчунин дигар воситаҳои зарурӣ вуҷуд доранд. Лоиҳаҳои сохтмонӣ бо истифодаи таъминоти барномавии AutoCAD, ArchiCAD, CorelDRAW, Photoshop, 3ds max, Лира ва ғайра таҳия мешаванд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Шаҳрофар»

Ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Ҷамъият дар таҳияи саривақтӣ ва бо сифати баланди ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳурӣ ба монанди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, навбати дуюми Гимназия барои кӯдакони болаёқат ва бинои 20-ошёнаи «Душанбе-плаза», инчунин маҷмааи манзил «Пойтахт-80» дар шаҳри Душанбе, Театри мусиқию драмавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин, иншоотҳо ва маҳалаҳои нави ш. Нуробод ва дигар нуқтаҳои сохтмони хурду бузурги ҷумҳурӣ кӯшиши зиёде ба харҷ дода шуд. Ҳамзамон, барои таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2011 дар Ипподроми шаҳри Душанбе лоиҳаи «Наврӯзгоҳ» - и пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фароғатию фарҳангӣ аз тарафи мутахассисони Ҷамъият таҳия шуд ва рӯзи 21 марти соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншоот мавриди баҳрабардории шаҳрвандон қарор гирифт.

[b]Номгӯи муҳимтарин корҳои лоиҳакашии ба итмомрасида дар давраи 20-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сол ба сол (1991-2011) ҳаҷми корҳои иҷрогардидаи Ҷамъияти «Шаҳрофар» афзун мегардад. Таҳлил нишон медиҳад, ки болоравии ҳаҷми корҳои иҷрошаванда, воридоти маблағ ва пардохти маоши саривақтии кормандон мунтазам нигоҳ дошта мешавад ва афзун гардидани нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна тасдиқи ин гуфтаҳост:

Ҳаҷми корҳои иҷрогардида -12 маротиба

Ҳосилнокии меҳнат - 12 маротиба

Музди меҳнат - аз 100 то 1400 сомонро ташкил медиҳад.

Дар давоми як сол дар Ҷамъият беш аз 100 лоиҳа, аз ҷумла, иншооти муҳим бо таъминоти муҳандисӣ қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия мешавад ва дар иншооти сохташавандаи ҷумҳурӣ ва хориҷи он, ки лоиҳаи онҳо аз тарафи Ҷамъият таҳия шудаанд, назорати муаллифӣ ташкил шуда, новобаста аз масофа, фаъолияти он оид ба назорати иҷрои талаботҳои лоиҳавӣ дар рафти сохтмони иншоот бо таври бояду шояд дар асоси шартномаҳо ба роҳ монда шудааст. Баҳри омӯзиши навовариҳои соҳа ва баланд бардоштани донишу малака мутахассисони Ҷамъият дар машварат намоишгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

20-соли истиқлолият барои Ҷамъияти «Шаҳрофар» ин давраест, ки ҳар соли он пур аз муҳимтарин рӯйдодҳо мебошад, зеро он бо ташаккули соҳаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлол, тасвири меъморию бадеии шаҳру деҳот, ки дорои таъриху фарҳанги дерина мебошад, алоқа дорад. Вусъат бахшидани фаъолият дар тамоми самтҳо баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз бо дастгирии сиёсати пешгирифтаи Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъият минбаъд низ кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад ва ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ, бо рӯҳи болида ва меҳнати ғайратмандона таҷлил мегардад.

Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво