Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Корезлоиҳа»

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Корезлоиҳа»
Назар ХУДОЙДОДОВ,
Директори ҶСК «Корезлоиҳа»

ҶСК «Корезлоиҳа» соли 1966 ҳамчун шӯъбаи лоиҳакашии марбут ба Пажӯҳишгоҳи давлатии «Союзводоканалпроект» - и умумииттифоқӣ дар ш. Душанбе ташкил ёфт. Аз соли 1988 ҳамчун пажӯҳишгоҳ аз ҳайати «Союзводоканалпроект» баромад ва ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ, ковтуковӣ ва лоиҳакашии ҶСНК «Водоканалпроект» - и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 3 августи соли 2010 дар асоси Қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҶТ таҳти №37 ҶСНК «Водоканалпроект» барҳам дода шуд ва ба ҶСК «Корезлоиҳа» табдил ёфт.

Тибқи фаъолият ҷамъият корҳои зеринро иҷро менамояд:

– Корҳои илмию-тадқиқотӣ дар соҳаи таъмини об ва рафъи партовобҳо;

– Кофтукови топогеодезикӣ;

– Кофтукови муҳандисию геологӣ;

Лоиҳакашӣ:

– иншоотҳои обгирӣ ва обфишорҳо

– коллекторҳои системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо;

– системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳои шаҳрҳо, касабаҳо ва қишлоқҳо;

– иншоотҳои барои тайёр намудани оби нӯшокӣ ва софкунакҳо;

– парма кардани ҷойҳои обӣ;

– мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёҳо;

– муҳофизати электрокимиёвии шабакаҳои муҳандисӣ.

Ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолӣ ба Ташкилотҳои лоиҳа­кашии марбут ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишгарон оид ба масъалаҳои лоиҳасозии иншоотҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо кӯмак Аҳли кормандони ҶСК «Корезлоиҳа» мерасонад ва бо масолеҳи меъёрию лоиҳавии пажӯҳишгоҳ таъмин менамояд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Корезлоиҳа»
Аҳли кормандони ҶСК «Корезлоиҳа»

Барои лоиҳасозӣ намудани коллекторҳои системаи таъмини об ва рафъи партовобҳо лоиҳасозон, конструкторон ва муҳандисони ҷамъият рӯ ба таърихи пайдоиши обҳои ҷорӣ меоранд. Обҳои ҷорӣ метавонанд ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд, ба монанди маишӣ, истеҳсолӣ ва атмосферӣ

– оби ҷории маишӣ ба биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва комму­налӣ (ҳаммомҳо, либосшӯйхонаҳо ва ғайра), инчунин хонаҳои маишии корхонаҳои саноатӣ дода мешавад. Ин обҳои ифлосе, мебошанд, ки ба шабакаҳои обпарто аз таҷҳизотҳои санитарӣ (дастшӯякҳо, ваннаҳо, унитазҳо ва ғайра) рехта мешаванд

– оби ҷории истеҳсолӣ дар рафъи истеҳсолот ба вуҷуд меояд. Ба онҳо маҳсулоти молӣ, ба монанди маҳсулоти технологии коркардшуда ва обҳои шустушӯйкунанда, молхонаҳо ва хонаҳои истеҳсолӣ, инчунин тозакунӣ ва хунук намудани партовобҳои газмонанд, тоза кардани партовобҳои сахт ва кашондани он дохил мешаванд

– обҳои ҷории атмосферӣ дар рафти боронгарӣ.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Корезлоиҳа»

Дар лоиҳасозии чунин иншоотҳо ҳамаи ҷабҳаҳои илмии онро ба инобат мегиранд ва лоиҳаҳоро омода намуда, пешкаши фармоишгар менамоянд.

– Шӯъбаи лоиҳакашӣ

– Шӯъбаи обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳо

– Шӯъбаи ковтукови муҳандисии геологӣ

– Шӯъбаи ковтукови топогеодезӣ.

Лоиҳасозони ҶСК «Корезлоиҳа» дар рафти лоиҳакашӣ дастовардҳои илмӣ-техникии ҳозиразамонро дар соҳаи тоза кардани об истифода мебаранд. Дар лоиҳаҳо ҳисоби софкориҳои шаклҳои гуногуни асбобҳои навро барои бесирояткунии ҳисоби аниқи сохти ванасозии об ва ба бозистифодабарии обҳои тозакардашударо ба инобат мегиранд. Инчунин ба рафти тозакунии об дар лоиҳа таваҷҷӯҳи аниқ зоҳир карда мешавад.

Дар солҳои фаъолияташ ҶСК «Корезлоиҳа» корҳои зиёдеро дар ин ҷабҳа иҷро намуд. Мувофиқи лоиҳаҳои пажӯҳишгоҳ шабакаҳои обӣ ва қувваи онҳо зиёд гардиданд. Зиёд гардидани шумораи шабакаҳои обгузари коммуналӣ аз ҳисоби зиёд гардидани аҳолии шаҳр ва хонаҳои истиқоматию иншоотҳои саноатӣ ба амал омад.

Миқёси бузурги обтаъминкунӣ ва зиёд шудани талаботи он ба сифати об дар назди лоиҳасозони ҷамъият иҷрои вазифаҳои илмию техникиро оид ба баланд бардоштани таъсирнокии босамари иншоотҳои обиро мегузорад. Барои ҳалли вазифаҳои ба миён омада лоиҳакашон, муҳандисон, конструкторону техникҳои ҶСК «Корезлоиҳа» тибқи талаботи рӯз бомуваффақият меҳнат карда истодаанд.

Инкишофи хоҷагии халқи Ҷумҳурии соҳибистиқлол ва пешравии техникӣ аз кормандони ҷамъият такмили обтаъминкунӣ ва хоҷагидории шаҳрҳо корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагидории шаҳрҳо сифати баланди оби истифодабарандаро талаб мекунад. Ҷамъият лоиҳаҳои обтайёркуниро барои корхонаҳои саноатӣ ва шаҳру шаҳракҳо тайёр намуда, ба фармоишгарон пешниҳод менамоянд.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Корезлоиҳа»

Босуръат инкишоф ёфтани хоҷагии қишлоқ ва сатҳи баланди истифодабарии об аз лоиҳасозони ҷамъият лоиҳасозии системаҳои нави иншоотҳои барпокунии обтаъминкуниро талаб мекунад, чунки қароргоҳҳои обтаъминкунӣ васеъ гардида, азнавсозӣ мегарданд, ки ин лоиҳаҳои азнавсозии обанборҳо, стансияҳои насосии обтаъминкуниро лоиҳасозони ҶСК «Корезлоиҳа» тайёр менамоянд.

Дар давраҳои гуногуни лоиҳакашии иншооти обӣ далелҳои ковтукови муҳандисӣ, муҳандиси геологӣ, муҳандисӣ–геодезӣ ва иқтисодӣ ба инобат гирифта мешавад, чунки дар онҳо дар бораи хусусиятҳои хоки сохтмонӣ, дараҷаи ҷисмҳои кӯҳӣ, давраҳои физикӣ-геологӣ, корҳои геодезӣ ва нақши он дар сохтмони иншоотҳо маълумотҳо дода мешаванд. Инчунин лоиҳаҳои пармакунии чоҳҳои обӣ ва соҳилмустаҳкамкуниро лоиҳасозони ҶСК «Корезлоиҳа» иҷро менамоянд.

Дар солҳои фаъолият кормандони ҶСК «Корезлоиҳа» лоиҳаи системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳоро пешниҳод намуданд:

– Шабакаи партовобҳо ва стансияи партовобҳои «Мактаб-интернат барои 660 нафар» дар н. Бохтар

– Бинои маъмурии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Рашт

– Бинои маъмурии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар н. Темурмалик - и вилояти Хатлон,

– Бинои маъмурии нозироти андоз дар н. Балҷувон

– Шабакаҳои обтаъминкунӣ ва партовобҳои қисми берунии иншооти бинои маъмурӣ бо меҳмонхона дар к. Айнии ш. Душанбе

– Обтаъминкунии ш. Кӯлоб аз чашмаҳои Ҷангалак.

Ҷамъияти Саҳомии  Кушодаи «Корезлоиҳа»

Пажӯҳишгоҳ дар давоми фаъолияти худ дар иҷрои лоиҳаҳои бузург иштирок кардааст. Лоиҳаи системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҷумҳурӣ шаҳрҳои Актюбинск, Петропавловск (Ҷумҳурии Қазоқистон), Ҷорҷӯ, Ашхобод (Ҷумҳурии Туркманистон) – ро тайёр намуд, ки ин иншоотҳо ҳоло ба аҳолӣ ва саноати шаҳрҳои номбурда хизмат карда истодаанд.

ҶСК «Корезлоиҳа» дар оянда низ лоиҳаҳои хушсифати замонавиро барои ободии кишвари соҳибистиқлоламон тайёр намуда, дар рушду нумӯи он ва мустаҳкамшавии иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузорад.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво