Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ

Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ
Умаров Улуғбек,
Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию
тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»

Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» (КВД ПИТСМ) мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, №311, бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла, иҷро ва ба танзим даровардани барномаҳои мақсадноки давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, барномаҳои бунъёдӣ ва амалии корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, интегратсияи илм, истеҳсолот ва маориф, ҳамкории илмию техникии байналхалқӣ ташкил карда шудааст.

Дар давраи сипаригардида пажӯҳишгоҳ дар ҳалли масъалаҳои комплекси сохтмон дар самтҳои гуногун фаъолият намуда истодааст, аз ҷумла:

– назарияи ҳисоб ва эътимоднокии бино, иншоот ва конструксияҳо;
– проблемаҳои замонавии меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
– таҳияи меъёрҳои сохтмонӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ;
– проблемаҳои муҳайё намудани муҳити зисти мусоид барои инсон;
– экология ва истифодабарии оқилонаи табиат;
– таҳияи лоиҳаҳои биноҳо, иншоот ва маҳалҳои аҳолинишин;
– таҳияи лоиҳаҳои таҷдиди биноҳо ва иншоотҳо;
– корҳои таҷрибавию конструкторӣ, технологӣ ва ғайра.

Дар рушду нумӯи пажӯҳишгоҳ саҳми М. А. Бозоров - муовини директор, А. Ю. Норматов - сардори шӯъба, М. Сайдуллоева - сармуҳосиб, М. Саломов - сардори устохонаи лоиҳакашӣ ва дигарон назаррас мебошад.

Дар Пажӯҳишгоҳ алҳол 27 нафар, аз ҷумла, ду нафар номзади илм, як нафар аспирант ва 24 нафар мутахассисон кор мекунанд.

Пажӯҳишгоҳ раванди ҷараёни талаботи имрӯзаи илму техника, шаҳрсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонро омӯхта вобаста ба самтҳои афзалиятноки он номгӯи корҳои илмию тадқиқотиро таҳия менамояд ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣ месозад.

Пажӯҳишгоҳ аз рӯзи таъсис шуданаш то ҳоло як қатор тадқиқотҳои илмию амалиро ба анҷом расонидааст, ки онҳо дар шакли ҳисоботҳо, тавсияҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ барои соҳаи сохтмон ва дигар санадҳои соҳавӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Андозаҳо ва ҳаҷми маҳсулоти сохтмонӣ ва раванди истеҳсоли онҳо ҳамеша дар мадди назари танзими техникии давлатӣ қарор дошт. Чунин танзимкунӣ дар заминаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрии сохтмонӣ татбиқ карда шуда, он меъёрҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатии сохтмонии масолеҳ ва ашёро дар бар мегирад.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам амсоли аксари кишварҳои узви ИДМ ҳамчун асоси ҳамкорӣ дар соҳаи сохтани лоиҳаҳои иморатҳо ва иншоот, инчунин барои табодули тиҷоратии масолеҳ ва ашёи сохтмонӣ низоми ягонаи ҳуҷҷатҳои меъёрии сохтмониро нигоҳ дошт.

Ҳамзамон, чун дар дигар кишварҳои узви ИДМ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз соли 2004 сар карда, ба вуҷуд овардани низоми миллии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон шурӯъ гардид.

Ҳамоҳангсозии корҳо оид ба таҳия, тасҳеҳ ва такмилдиҳии ҳуҷчатҳои меъёрию техникӣ ба зиммаи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъмории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Дар давраи сипаригардида барои соҳаи сохтмони ҷумҳурӣ қариб чил ҳуҷҷати меъёрию техникӣ таҳия карда шуд.

Дар ҷараёни таҳияи ҳуҷчатҳои меъёрию техникии соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашию илмию тадқиқотӣ, олимон ва устодони мактабҳои олии мамлакат, намояндагони вазорату идораҳо иштирок менамоянд. Ба қатори онҳо корманди шоистаи илм ва техника, доктори илмҳои техникӣ И. Ғ. Тоҳиров, докторони илм, профессорон О. Комилов, А. Ғ. Ғиёсов, А. А. Сулаймонов, С. Назарзода, И. А. Саидаминов, номзодҳои илм, профессорон Н. Х. Ёқубов, И. И. Неъматов, Д. А. Абдуқодиров, М. Бобосаидов, Т. О. Неъматов, А. Ю. Норматов, К. Ҳамидов, А. А. Ҳоҷибоев, У. Н. Раҷабов, Ҷ. Р. Рӯзиев, А. Р. Рӯзиев, Р. Усмонов, А. Р. Фозилов, Н. Н. Ҳасанов, П. Юсупов, муҳандисон А. У. Абдуллоев, Ҷ. Ҷ. Аҳмедов, М. А. Бозоров, Б. Эргашев, Р. Каримов, Ш. Ҷалолов, В. Н. Нечаев, А. С. Назаров, М. Поччоев, Ҷ. Рашидбеков, Ф. А. Саидаминов, А. Н. Саъдуллаев, М. С. Султонов, У. Умаров, Р. Ҳакимов, А. Рафиев, А. Раҳмонов ва дигарон шомил мебошанд.

Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ

Бояд қайд кард, ки Пажӯҳишгоҳ ҷиҳати боз ҳам мушаххастар, равшан ва возеҳтар гардонидани муносибатҳои ҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ корҳои назаррасеро анҷом додаст.

Пажӯҳишгоҳ лоиҳаи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон» - ро дар таҳрири аввал таҳия намуда, барои баррасӣ пешниҳод намудааст.

Дар айни ҳол мутахасиссони пажӯҳишгоҳ лоиҳаи Кодекси Шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Пажӯҳишгоҳ ба мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани вазифаҳои асосии «Консепсияи рушди соҳаи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2012» корҳои муайянро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла:

– дар ҳамкорӣ бо раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи энергиясамаранокии бахши манзилию – коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Барномаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сарфаи энергия ва баланд бардоштани энергиясамаранокӣ дар сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ дар давраи то соли 2020», «Қоидаҳои сарфаҷӯии энергияи барқу гармӣ ҳангоми тарҳрезии нақшаи сохтмон ва навсозии биною иншоот» таҳия шуда, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

– якҷоя бо гурӯҳи кории «ООН-ХАБАТАТ» вазъи имрӯзаи банақшагирӣ ва идоракунии шаҳрӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда пешниҳоди лоиҳавӣ оид ба консепсияи рушди шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Ҳисор пешкаш карда шуд.

– бо супориши роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон «Дастурамал оид ба гузаштани расмиёти маъмурии лоиҳаҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва обпартоӣ» таҳия шуда, барои баррасӣ пешниҳод карда шуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари пажӯҳишгоҳ таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншооти таъиноташон гуногун мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор пажӯҳишгоҳ дар муддати 5 соли сипаригардида фаъолияти назаррасеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии зиёда аз 60 номгӯи иншоотҳои сохтмониро ба анҷом расонида пас аз мувофиқи тартиби муқаррар гардида аз экспертиза гузаронидани онҳо, ба фармоишгарон супоридааст.

Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ

Таъиноти иншооте, ки таҳияи онҳоро пажӯҳишгоҳ ба зимма мегирад хеле васеъ буда, аз биноҳои манзилии камошёна, баланд- ошёна оғоз гардида, биноҳои муассисаҳои маълумоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ, биноҳои маъмурӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва савдоро дар бар мегирад.

Мисол пажӯҳишгоҳ барои рушди инфрасохтори иҷтимоии шаҳри Душанбе саҳми худро гузошта лоиҳаи муҷтамеъи манзилии «Навбаҳор» барои 7 ҳазор аҳолиро дар минтақаи Гипрозем таҳия намуд. Дар ин муҷтамеъи манзилӣ сохтмони зиёда аз 40 бинои 12 ошёна, иншооти иҷтимоӣ (як мактаб барои 1000 хонанда, як боғчаи кӯдакон ва ғайра) пешбинӣ шудааст. Дар айни ҳол сохтмони 4 бинои 12-ошёна оғоз карда шудааст.

Ба ғайр аз ин дар Душанбе сохтмони ду бинои 9 ошёна бо маркази савдо дар кӯчаи Маяковский, як бинои 9 ошёна дар маҳаллаи Зарафшон, 8 бинои 5 ошёна дар микрарайони 191, ки лоиҳаи онҳоро пажӯҳишгоҳ таҳия намудааст, оғоз гардиданду як мактаб барои 624 хонанда дар шаҳраки Лучоб мавриди истифода қарор гирифтааст.

Умуман, пажӯҳишгоҳ дар таҳияи лоиҳаи иншоотҳои иҷтимоӣ дастовардҳои арзандаро соҳиб гардидааст. Масалан, пажӯҳишгоҳ дар тендерҳо иштирок намуда, ҳуқуқи таҳияи лоиҳаҳои «Беморхонаи касалиҳои сил барои 60 кат» дар шаҳри Қурғонтеппа, «Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 400 хонанда» дар шаҳри Турсунзода, «Маркази кинологӣ» ва «Санатория барои 25 нафар дар дараи Ромит» соҳиб шуд. Дар айни ҳол сохтмони ҳамаи ин иншоотҳо ҷараён дорад.

Дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Газпром-Нефт Тоҷикистон» пажӯҳишгоҳ таҳияи лоиҳаҳои таҷдиди якчанд нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро, ки дар натиҷаи ғалаба дар тендер соҳиб шуда буд, ба анҷом расонид. Дар рафти ҳамкорӣ пажӯҳишгоҳ бо пешниҳоди фармоишгар технологияҳои нави таҷҳизонидани НФС-ро татбик намуд, истифодаи самараноки маводи нави сохтмон ва пардози биноҳоро ба роҳ монд ва ба намои бадеии меъмории иншоот, ободонии атрофи он ҷузъиёти нав ворид намуд.

Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ сатҳи ободонии марказҳои маъмурӣ рӯз аз рӯз беҳтар мешавад.

Аз ин хотир сохтмони биноҳои маъмурӣ зиёд мегардад. Пажӯҳишгоҳ низ дар ин кор саҳми арзандаи худро гузошта, таҳияи лоиҳаи биноҳои маъмурии зеринро ба сомон расонидааст, ки сохтмони ҳамаи онҳо дар айни ҳол ҷараён доранд: бинои маъмурии истгоҳи «Хонақоҳ», истгоҳи «Колхозобод», «Амонатбонк» дар ноҳияи Ванҷ, «Раёсати молия дар ш. Ғафуров», «Маркази амалиётҳои молиявии байнибуҷавӣ дар ш. Душанбе», таҷдиди бинои маъмурии бинои «Амонатбонк» дар ш. Турсунзода ва ғайра.

Асоси гурӯҳи шӯъбаи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонро дар пажӯҳишгоҳ ҷавонон ташкил медиҳанд. Инҳо муҳандисони бахши меъморӣ – Н. В. Мақсудова, Ҳ. Саидмуродов, муҳандисони бахши сохтмонӣ-конструктивӣ – М. Саломов, И. Мӯминов, О. Олуфтаев, Б. Бозоров, З. Самадов, Ф. Абдуллоев, А. Бӯриев, муҳандиси бахши харҷномавӣ З. Фозилова, З. Полвонова ва дигарон мебошанд.

Мутахассисони пажӯҳишгоҳ фақат бо таҳияи лоиҳаҳои фармоишӣ маҳдуд нагардида, дар озмунҳои шаҳрӣ ва Ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, пажӯҳишгоҳ дар озмунҳои Ҷумҳуриявии таҳияи лоиҳаи «Китобхонаи миллӣ», «Масҷиди Ҷомеъи Ҷумҳуриявӣ», «Театри Миллӣ» иштирок намудаанд. Ба ғайр аз ин дар озмунҳои шаҳрии таҳияи лоиҳаҳои «Дарвозаи шимолӣ» ва «Муҷтамеъи манзилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ» фаъолона иштирок намуданд.

Барои дастовардҳояш дар самтҳои самаранокии баланд ва рақобатпазирӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ дар соли 2010 пажӯҳишгоҳ ба гирифтани Дипломи Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмони давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушарраф гардида, ғолиби Озмуни байналхалқӣ оид ба беҳтарин ташкилоти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ, корхонаи маводи сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонӣ дониста шудааст.

Бояд қайд кард, ки шӯъбаи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ бо таҷҳизоти электронӣ ва барномаҳои замонавии таҳияи лоиҳаҳо ба монанди АВТОКАД, АРХИКАД, барномаи ҳисоби конструксияҳо «ПК Лира» пурра ҷиҳозонида шудааст.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво