Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»

То моҳи марти соли 2004 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши харҷномавии сохтмони иншоотҳо бо усули манбавӣ-индексӣ дар асоси манбаи харҷномавӣ-меъёрии МвНС (СНиР) – с. 1991 бо назардошти истифодабарии индексҳои ҷорӣ ба корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ ва маблағҳои асосӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Кумита оид ба корҳои сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва тасдиқ мешуд, муайян мегардид. Ҳангоми тартибдиҳии санадҳои иҷрои корҳо арзиши аслии корҳо бо усули манбавӣ-ҷубронӣ дар сатҳи манбавии нархҳои соли 1991 бо назардошти ҳисобҳои хароҷотҳои иловагӣ, ки вобаста ба зиёдшавии музди меҳнати коргарон, арзиши истифодабарии мошинҳои сохтмонӣ, қиматшавии захираҳои моддӣ, аниқкунии андозаи сарфҳои иловагӣ ва дигар хароҷоти иловагии бо Фармоишгар мувофиқа гардида, муайян мешуд.

Бо гузариши иқтисоди Тоҷикистон ба муносибатҳои бозоргонӣ дар системаи нархгузорӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ омаданд. Ин вобаста ба он аст, ки шаклҳои моликияти иштирокчиёни ҷараёни сохтмон, сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои сохтмон тағйир ёфта, шаклҳо ва усулҳои нави бастани қарордодҳо байни фармоишгарон ва пудратчиёни сохтмони асосӣ тибқи нархҳои шартномавӣ бо тариқи озмун ба вуҷуд омаданд. Зарурати аниқ ва саҳеҳ намудани баҳогузории арзиши иншоотҳои сохтмон дар ҳама марҳилаҳои ҷараёни сармоягузорӣ – аз марҳилаи пеш аз сармоягузорӣ то анҷомёбии лоиҳа ба миён омад.

Аз 1 марти соли 2004 комплекси сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муайян намудани арзиши сохтмони иншоотҳо бо нархҳои шартномавии ҷорӣ бо усули захиравӣ муқарар намуд. Ин усул ба корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ, сохтмони махсус паҳн шуда, барои ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни сармоягузорӣ аз маблағҳои мутамаркази асосӣ маблағгузорӣ шаванда, ҳатмӣ буда, барои дигар сарчашмаҳои маблағгузории ғайридавлатӣ хусусияти тавсиявӣ дорад. Усули захиравӣ бо муайян намудани арзиши ҷории захираҳои ҷудошуда (хароҷоти меҳнат, талабот ба мошинҳои сохтмонӣ, хароҷоти масолеҳ, маҳсулот ва конструксияҳо) асоснок гардида, аз ҷониби ҳама иштирокчиёни ҷараёни сармоягузорӣ – фармоишгарони (сармоягузорон) сохтмон, корхонаҳои лоиҳавӣ ва пудратӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ истифода мешавад. Усул ба корҳои сохтмонӣ, сохтмони махсус, васлкунӣ ва танзиму ба корандозӣ паҳн мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ ба масолеҳи сохтмонӣ ва мустаҳкамсозии системаи нархгузорӣ ба харҷномаи низоми сохтмонро ба назар гирифта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 таҳти рақами 554 Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» – ро ташкил намуд, ки фаъолияти он дар асоси фаъолияти хоҷагидорӣ амалӣ мегардад. Муассиси корхона Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Самтҳои асосии фаъолият корхона инҳо мебошанд:

– мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ ба масолеҳи сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мустаҳкамсозии системаи нархгузорӣ ба харҷномаи низоми сохтмон, таҳияи меъёрҳои хароҷот ва нархҳои ягонаи шаклҳои нави сохтмон, корҳои таъмирӣ-сохтмонӣ, таҷдид, васлкунӣ ва танзиму бакорандозии ҷавобгӯи муносибатҳои бозоргонӣ;

– ташкили системаи меъёрҳои хароҷотӣ барои муайянсозии арзиши сохтмон ва таъмири асосӣ;

– мониторинг ва таҳлили нарх барои масолеҳи сохтмонӣ;

Вобаста ба самтҳои асосии фаъолият Корхона тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва мавзӯъи фаъолиятҳои зеринро амалӣ менамояд:

– таҳлили ҷанбаҳои нархгузоришавандаро дар сохтмон, ҳолати бозори сохтмонро дар маҷмӯъ, минтақаҳо, шаҳрҳои алоҳида ва ҳудудҳо, арзиши масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ, иншоотҳои омода шуда ва элементҳои онҳоро мегузаронад;

– шарҳи масъалаҳои арзиши масолеҳи сохтмонӣ;

– дар таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ ва меъёрӣ оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳои пудратӣ барои сохтмони иншоотҳо бо иштироки пудратчиёни ватанию хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

– маҷмӯаҳои минтақавӣ ва махсусгаронидашударо оид ба нархгузорӣ дар сохтмон ҷиҳати мувофиқасозӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ ва таҳия менамояд ва ғ.

Аз соли 2004 то ин ҷониб зиёда аз 38 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-методӣ оид ба иқтисодиёти сохтмон таҳия гардидааст, ки муҳимтарини онҳо Низомнома оид ба тартиби муайян намудани арзиши сохтмони иншоотҳо бо нархҳои шартномавии ҷорӣ ва мисолҳои тартиб додани санадҳои иҷрои корҳо;

Тавсияҳои методӣ оид ба тартиб додани ҳисобҳои харҷномавӣ (харҷномаҳо) ба корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ бо усули захиравӣ; Маҷмӯаҳои нархҳои манбавӣ ба корҳои лоиҳавӣ дар сохтмон; Маҷмӯаи ҳар семоҳаи маълумотӣ-таҳлилии нархҳои харҷномавии миёна ба захираҳои асосии сохтмон;

Методические указания по проведению хронометражных наблюдений в строительстве [159.7 Kb] (cкачиваний: 3)

Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХ ҶТ-2007) [151.19 Kb] (cкачиваний: 21)

Градостроительные нормы и правила Республики Таджикистан (ГНиП РТ 81-01-2007) Элементные сметные нормы строительные работы (ЭСН PT-2007) [345.54 Kb] (cкачиваний: 33)

Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-01-2007 ) МЕЪЁРҲОИ УНСУРИИ ХАРҶНОМАВӢ БА КОРҲОИ СОХТМОН (МУХ ҶТ-2007) [206.58 Kb] (cкачиваний: 41)

Маҷмӯаҳои №№ 1-21 меъёрҳои харҷномавӣ ба корҳои таъмирӣ – сохтмонӣ (МТСз-ҶТ);

Маҷмӯаҳои №№ 1-47 меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХ ҶТ – 2007);

Қоидаҳо оид ба шартномаҳои пудратӣ (қарордодҳо) барои сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Низомнома оид ба муносибатҳои ташкилотҳо-пудратчиёни асосӣ бо ташкилотҳои пудратии ғайриасосӣ;

Тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани арзиши харҷномавӣ (нархнома) ба истифодабарии мошинҳои сохтмонӣ ва воситаҳои нақлиётӣ ва тартиби индексатсия, дигар тавсияҳои методии гуногун;

Маълумотномаҳои хусусияти иттилоотӣ, мебошанд. Ҳуҷҷатҳои то айни замон амалкунанда оид ба нархгузорӣ ва меъёргирии харҷномавӣ дар сохтмон ба «Номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба сохтмон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, мачмӯаи 80 «Иқтисодиёти сохтмон», 81 «Нархгузорӣ ва харҷномаҳо» мутобиқат мекунад.

Корхона «Маҷмӯаи ҳар семоҳаи маълумотӣ-таҳлилии нархҳои харҷномавии миёна ба захираҳои асосии сохтмон»-ро таҳия менамояд, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди пурсамари комплекси сохтмони мамлакат, заминаи устувори маълумотӣ мегузорад. Дар он андозаҳои тарифии музди меҳнат дар сохтмон, истифодабарии мошинҳо ва механизмҳои сохтмонӣ, тарифҳои кашондани борҳо бо нақлиёти автомобилӣ ва корҳои боркунӣ – фаровардан, ҳангоми боркашии автомобилӣ, нархҳои масолеҳи сохтмон, маҳсулот ва конструксияҳои аз ҷониби корхонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ истеҳсолшаванда, тайёр намудани маҳлулҳо дар шароитҳои сохтмонӣ, техникаи гуногуни маишӣ, мебел ва таҷхизоти гузошташаванда, тибқи нархҳои ҷории аз бозорҳои ҷамъ гардида, дарҷ шудаанд. Дар маҷмӯа андозаҳои тарифии вақтбаъйи музди меҳнати коргарон-сохтмончиён ва ронандагон, ки дар асоси маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста аз музди меҳнати миёнаи моҳона дар сатҳи ҷории нархҳо дар соҳаи сохтмон дастрас гардиданд, оварда шудаанд.

Корхона бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ширкатҳои-таъминкунанда аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Туркия, Эрон, Хитой ҳамкории зичӣ доранд.

Корхона тибқи Нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2010, семинари таълимӣ-омӯзишӣ оид ба истифодабарии Барномаи комплексии таълимӣ дар сохтмон барои мутахассисони самти таҳияи меъёрҳои харҷномавӣ ва нархгузории лоиҳавӣ бо ширкати масъулини Ташкилоти байналхалқии «ГРАНД»-и Федератсияи Россия аз 10 то 12 марти соли 2011 баргузор намуд. Дар семинари мазкур кормандони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, мутахассисони зиёда аз 15 ташкилотҳои сохтмонии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Баъд аз итмоми семинар ба иштирокчиён шаҳодатномаҳои тахассусӣ оид ба истифодабарии амалии кор бо барномаи комплексии «ГРАНД-Смета» – маҷмӯаҳои ҷумҳуриявии нархҳои воҳидӣ барои корҳои сохтмон супорида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соҳаи сохтмон ин гуна семинар дар ин сатҳ бори аввал доир гардид. Баргузории семинар баҳри баланд ва мукаммал гардидани савияи дониш, сатҳи касбӣ ва масъулияти кормандони соҳаи сохтмони мамлакат заминаи устувор мегузорад.

КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 20-солагии Истиқлолияти Ватани азиз – Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона карда, минбаъд низ сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи нархгузорӣ ва меъёргирии харҷном.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво