Мирзозода Низом Юсуфӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР


аз 19 июни соли 2015 № 393 ш. Душанбе


Дар бораи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода Н.Ю.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Низом Юсуфӣ муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон


Мирзозода Низом Юсуфӣ

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Мирзозода Низом Юсуфӣ, 10-уми майи соли 1962 дар ноҳияи Мӯъминободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Таҳсилоташ олӣ буда, соли 1983 Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон ва соли 1989 Мактаби Олии Комсомолиро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва сиёсатшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Собиқаи умумии кориаш 32 сол аст. Солҳои 2005-2010 вакили халқ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб гардид.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи ноябри соли 1983 оғоз намуда, то соли 1984 ҳамчун муҳандиси лабораторияи сохтмонии Ширкати «Кӯлобдеҳотсоз»-и шаҳри Кӯлоб кор кардааст.

Соли 1984 муҳандиси калони Ширкати «Кӯлобдеҳотсоз» таъин шуда, то соли 1985 ин вазифаро иҷро кард.

Аз моҳи апрел то моҳи июли соли 1985 ҳамчун котиби озоди Комитети комсомолии совхози «60солагии СССР»-и ноҳияи Ленинград ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи июли соли 1985 то моҳи декабри соли 1987 вазифаи сармуҳандиси Штаби отрядҳои сохтмонии донишҷуён-ҷонишини мудири шӯъбаи Комитети комсомолии вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистонро бар ӯхда дошт.

Аз моҳи декабри соли 1987 то моҳи сентябри соли 1988 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти Комитети вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1988-1990 ҳамчун мудири шӯъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти Комитети вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 1991 дар вазифаи Сардори шӯъбаи Иттиҳодияи вилоятии таъмиру сохтмонии вилояти Кӯлобро фаъолият намуд.

Аз моҳи декабри соли 1991 то моҳи июни соли 1994 ба ҳайси сармуҳандис дар Иттиҳодияи вилоятии таъмиру сохтмонии вилояти Кӯлоб ифои вазифа намуд.

Солҳои 1994 то соли 1996 вазифаи сардори идораи «Райселкомхоз»-и шаҳри Кӯлобро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1996 то соли 1997 ба ҳайси сармутахассис дар Дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб кор кард.

Аз соли 1997 то соли 1998 вазифаи сардори муассисаи корхонаҳои коммуналии шаҳри Кӯлобро иҷро кард.

Аз соли 1998 то соли 2001 дар вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии Ҳукумати шаҳри Кӯлоб кор кард.

Моҳи апрели соли 2001 муовини Раиси ноҳияи «Роҳи оҳан»-и шаҳри Душанбе таъин шуда, аз моҳи октябри соли 2001 то моҳи сентябри соли 2002 вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии Ҳукумати шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.

Соли 2002 муовини Директори генералии Корхонаи муштараки Тоҷикистон – Россия «Таджросселмаш» таъин шуда то моҳи майи соли 2003 дар ин вазифа кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2003 то моҳи апрели соли 2007 ба ҳайси сардори Сарраёсати ободонии Ҳукумати шаҳри Душанбе ифои вазифа намуд ва то моҳи апрели соли 2008 дар вазифаи муовини Директори генералии ҶММ «Роҳи тоҷик» фаъолият кардааст.

Солҳои 2008-2009 ҳамчун сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи бо оби нушокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» кор кардааст.

Аз соли 2009 то соли 2014 Директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз моҳи июли соли 2014 то моҳи июни соли 2015 ба ҳайси директор дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08.2014, таҳти №245 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуд.

Аз 19-уми июни соли 2015 бо Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 393 ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво