Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р

аз 22 майи соли 2015 №328 ш.Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҲМОН


Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол

Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол

Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол 20-уми феврали соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Таҳсилоташ олӣ буда, соли 1980 факултети «Сохтмони гражданӣ ва саноат»-и ин­ститути Политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Соли 1988 аспирантураи ВНИИОСП-и ба номи Н.М.Герсеванови шаҳри Москваро хатм намудааст. Забони русӣ ва англисиро медонад. Дар корҳои илмӣ ва ихтироот фаъол буда, зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, як ихтироъ, ду патенти хурд ва 5 модели судманд дорад.

Собиқаи умумии кориаш 35 сол аст.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи ноябри соли 1980 оғоз намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 1980 то моҳи феврали соли 1981 ба ҳайси муҳандиси пажӯҳишогоҳи лоиҳакашии «Тоҷикколхозпроект»-и шаҳри Душанбе фаъолият кард.

Аз моҳи феврали соли 1981 то моҳи ноябри соли 1984 ҳамчун муҳандис, корманди хурди илмӣ, ассистенти кафедраи институти Политехникии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Аз ноябри соли 1984 то январи соли 1988 аспиранти институти умумииттифоқии илмию тадқиқоти таҳкурсии бино ва иншооти зеризаминӣ (ВНИИОСП)-и шаҳри Москва буд.

Аз моҳи июни соли 1988 то июли соли 1997 корманди хурди илмӣ, мудири лабораторияи филлиали Осиёмиёнагии (ВНИИОСП), (аз соли 1992 САНИИОСП), аз моҳи июли соли 1997 то моҳи сентябри соли 1997 ҳамчун сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳи Осиёмиёнагии таҳкурсии бино ва иншооти зеризаминӣ (САНИИОСП) кор кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 1997 то 4-уми феврали соли 2002 вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи Осиёмиёнагии таҳкурсии бино ва иншооти зеризаминро (САНИИОСП) бар ӯҳда дошт.

Аз моҳи феврали соли 2002 то моҳи марти соли 2003 муовини раиси кумитаи оид ба сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2003 то 21-юми майи соли 2015 директори ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» шуда кор кардааст.

Дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи II мебошад.

Аз 22-юми майи соли 2015 бо Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №328 Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво