Главная > Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии > Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


16-04-2021, 15:49.
Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мализода Баҳром Ҳикмон
Сардори Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ





Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


1.Муқаррароти умумӣ.
1. Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ (минбаъд Раёсат) дар сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи Кумита сиёсати соҳаи саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикиро тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита амалӣ мегардонад.
2. Назорати бевоситаи фаъолияти Раёсат аз тарафи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Раиси Кумита) ва муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарасти соҳаи мазкур мебошад, анҷом дода мешавад.
3. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Кумита ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Вазифа, ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои сардори Раёсат ва кормандони Раёсат дар дастурамалҳои мансабии онҳо, ки аз ҷониби Раиси Кумита дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” тасдиқ мегарданд, муқаррар карда мешаванд.

2.Самтҳои асосии фаъолият.

5. Раёсат бо мақсади ташкили фаъолияти самаранок, иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ваколатҳои зерин дорад:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ;
- баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва тахассусии мутахассисон дар соҳаи саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ, ташкили бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар;
- дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои Кумита;
- таҳияи барномаҳо бо назардошти рушди ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин дар таҳия ва татбиқи дурнамо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои инвеститсионӣ ва буҷети давлатӣ дар сохтмони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ ва иншоотҳои энергетикӣ;
- пешбурд ва тарғибу ташвиқи технологияи муосир дар сохтмони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ, нақлиёти ва иншоотҳои энергетикӣ;
- андешидани тадбирҳо доир ба суръат бахшидан баазхудкунӣ, дар саноати истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ, равандҳои пешқадами технологӣ, маводи навтарин, ба таври васеъ амалӣ кардани дастовардҳои илмию техникӣ.

Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.



3.Ҳуқуқҳои Раёсат.

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо Раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар пешбурди сиёсати Кумита оиди амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ, баррасии онҳо фаъолона иштирок намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи Кумита заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ ташкилотҳои илмӣ ва лоиҳакашӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои Кумита бе мамоният бурдани назорат дар сохтмони иншоотҳои муҳими бунёдшавандаи саноатӣ, нақлиёт ва барномаҳои энергетикиро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои аҳолинишин амалӣ намояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ оиди фаъолияти Раёсату шӯъбаҳо ва ташкилоту корхонаҳои системаи Кумита ва дигар корхонаҳои соҳаи сохтмонӣ, саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ гузоришу пешниҳодҳо ва натиҷагири намояд;
- ҳангоми иҷрои супоришҳои роҳбарияти Кумита, ба расмият даровардани таъинкунӣ, гузариши кормандон ба дигар воҳидҳои сохторӣ, фиристодан ба сафари хизматӣ, ба рухсатии меҳнатӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳои додашуда аз кормандони зерсохтори Кумита маводҳои заруриро талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи марказиро дар мувофиқа бо роҳбарони бевоситаи онҳо барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи Раёсат гузошта шудааст, аз ҷумла барои гузаронидани санҷиш ва ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намояд;
- мутобиқи қонунгузорӣ дигар амалҳоро иҷро мекунад.

4. Ташкили фаъолияти Раёсат.

7. Раёсатро сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Раиси Кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад:
8. Сардори Раёсат барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Раёсат гузошташуда, масъулият дорад.
9. Шумораи воҳидҳои кории Раёсат аз 7 (ҳафт) нафар иборат буда, сохтор ва шумораи хизматчиёни давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
10. Ба сардори Раёсат сармутахассис(3нафар), мутахассиси пешбар оид ба зиддисӯхтор (1 нафар), мутахассиси пешбар(1нафар) ва мутахассис (1 нафар), ҷамъ 6 нафар тобеъ ва ҳисобдиҳанда мебошанд.
11. Сардори Раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти Раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;
- маводҳои дар ихтиёри Кумита қарордоштаро омӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиаш заруриро дастрас намояд;
- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти ташкилотҳои системаи Кумита таклиф пешниҳод намояд;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати Раёсат қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ё шахсони мансабдор талаб намояд;
- ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти Раёсат дахл доранд, ташкил ва гузаронад;
- барои мукаммал намудани самти кор дар доираи ӯҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти Раёсат ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод намояд;
- Раёсатро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Кумита намояндагӣ кунад.
- сардори Раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
12. Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул кардан ба кор дар хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди делаҳои шахсӣ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва ӯҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони Раёсат;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар маълумотҳое, ки, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти давлатӣ, ки барои ӯҳдадориҳои мансабӣ ҷудо карда шудаанд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
13. Сардори Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

5. Талаботҳои тахассусӣ ба кормандони Раёсат

14. Ба кормандони Раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбӣ;
- барои мансаби сардори Раёсат 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби сармутахассиси Раёсат 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;
- барои мансаби мутахассиси пешбари Раёсат 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;
-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
15. Ба Раёсат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.


6. Муқаррароти хотимавӣ

16. Дастурамалҳои мансабӣ ва Нақшаи кории Раёсатро сардори Раёсат таҳия намуда, барои тасдиқ ба Раиси Кумита пешниҳод менамояд.
17. Кормандони Раёсат бояд ба талаботҳои тахассусии барои категорияи мансабҳои ин воҳиди сохторӣ пешбинишуда мувофиқ бошанд.
Вернуться назад