Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Назаров Абдураҳим Саидович
Сардори Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


1.Муқаррароти умумӣ.

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ба танзим медарорад.

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Раёсати саноат ва барномаҳои энергетики Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории мақоми давлатӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Маълумотномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

Раёсат таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Раиси Кумита) ва муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Раёсатро сардори Раёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд, роҳбарӣ мекунад.

Раёсат дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо онҳо мувофиқа мекунад.

Раёсат шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроия таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти мақоми давлатӣ мебошад.

2. Сохтор ва тартиби ташкили Раёсат

Сохтор ва тартиби ташкили Раёсати саноат ва барномаҳои энергетики Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуда, аз бандҳои зерин иборат аст:

- Маълумотномаи Раёсат сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар доираи лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, роҳбари мақоми давлатӣ (минбаъд Раиси Кумита) тасдиқ мекунад;

- Раёсат аз роҳбарият, сармутахассис (3 нафар), мутахассиси пешбар (2 нафар), мутахассис (1 нафар), иборат мебошад;

- муовинони сардори Раёсат сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд;

3. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Раёсат.

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои оид ба таъминоти иттилоотию таҳлилӣ дар соҳаи саноат ва энергетика, назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор, таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон ва дигарҳоро дар бар мегирад.

4. Ҳуқуқҳои Раёсат.

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни мақоми давлатӣ, сохторҳои системаи он оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо роҳбари мақоми давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи воҳидҳои сохтории дастгоҳ вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот, ҷалб намояд;

- бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намояд;

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво