Раёсати иқтисод ва молия бо мақсади иҷрои вазифаҳо, ташкили фаъолияти самаранок, иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ваколатҳои зерин дорад:

Ҷамолов Сайбаҳром Тоҷидинович
Сардори Раёсати иқтисод ва молия бо мақсади иҷрои вазифаҳо, ташкили фаъолияти самаранок, иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ваколатҳои зерин дорад:

Раёсати иқтисод ва молия бо мақсади иҷрои вазифаҳо, ташкили фаъолияти самаранок, иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ваколатҳои зерин дорад:

- таъмини иҷрои дастуру супоришҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастабударо танзим менамоянд;

- таъминоти иттилоотию таҳлилӣ вобаста ба фаъолияти Кумита;

- таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии Кумита;

- таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;

- таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ;

- баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;

- таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Кумита;

- иштирок намудан дар таҳияи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва рушди манзилидастрас;

- иштирокнамудан дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳоикорӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ.

Раёсат бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинигардида функсияҳои зерин дорад:

- ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии роҳбари мақоми давлатӣ ба Раёсат дахлдошта;

- омода намудани маърузаҳо, ҳисоботи роҳбари мақоми давлатӣ ва масъалаҳои иқтисодию молиявӣ дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;

- иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбари мақоми давлатӣ ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳа;

- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию молияви соҳаи дахлдор дарсолона, нимсола ва семоҳа;;

- мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа;

- омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба мақомоти болоӣ;

- қабул ва баҳогузорӣ намуданиҳисоботҳои семоҳа ва солонаи фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита;

- назорати риояи интизоми меҳнат дар Раёсат;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амали мегардонад.

Раёсати иқтисод ва молия бо мақсади иҷрои вазифаҳо, ташкили фаъолияти самаранок, иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ваколатҳои зерин дорад:

Ҳуқуқҳои Раёсати иқтисод ва молия:

Бо мақсади татбиқи ваколатҳои Раёсати иқтисод ва молияҳуқуқҳои зерин дорад:

- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни мақоми давлатӣ, сохторҳои системаи он оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо роҳбари мақоми давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи воҳидҳои сохтории дастгоҳ вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот, ҷалб намояд;

- роҳандозӣ кардани истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ, беҳтар намудани интизоми ҳисобдиҳӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоти системаи Кумита ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибавӣ;

- пешниҳоди басти вазифаҳо ва сметаи ягонаги даромад ва хароҷоти дастгоҳи марказии Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯи нақшаҳои генералии шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, меъёрию техникӣ ва илмию тадқиқотӣ, ки фармоишгар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст;

- таҳлили фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита;

- таъмини назорати дурусти ҳисоботдиҳӣ, роҳнадодан ба камбудиҳо дар фаъолияти молиявию хоҷагии дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита;

- таҳлил ва ба нақшагирии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ;

- таъмини назорат оид ба нигоҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани амволи давлатӣ аз ҷониби шахсони ҳисобдиҳанда;

- назорати ҳисоботҳои гурӯҳбандии воситаҳои асосӣ ва ашёи камарзиш дар асоси дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2000, № 157 ба роҳмондан;

- дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони Раёсат ба Раиси Кумита таклиф пешниҳод менамояд;

- мутобиқи қонунгузорӣ дигар амалҳоро иҷро кунад.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво