29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

4951
Раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исмоилзода Умед Абдулҳошим
Сардори Раёсати корҳои дастгоҳи марказӣ





Низомномаи
Раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – раёсати корҳо) - ро ҳамчун масъули коргузорӣ ва назорат муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти воҳидҳои сохтории масъули коргузорӣ ва назорат ба танзим медарорад.
2. Раёсати корҳо воҳиди сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллиӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Кумита, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3. Раёсати корҳо таҳти роҳбарии Раиси Кумита фаъолият мекунад.
4. Раёсати корҳоро сардори раёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.
5. Ба ҳайати раёсати корҳо мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ шомиланд, ки номгӯи онҳо дар басти вазифаҳо, ки аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
6. Раёсати корҳо дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо онҳо мувофиқа мекунад.
7. Раёсати корҳо шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроия таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти мақоми давлатӣ мебошад.

2. Сохтор ва тартиби ташкили раёсати корҳо

8. Низомнома сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар доираи лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, муайян карда, Раиси Кумита онро тасдиқ мекунад.
9. Раёсати корҳо аз сардор, ёрдамчии раиси Кумита, сармутахассисон (2 нафар) ва мутахассисони пешбар (3 нафар) (аз рӯи ҷадвали воҳидҳои корӣ) ҷамъ аз 7 нафар иборат мебошад.
10. Сардор ва кормандони раёсати корҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби Раиси Кумита ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
11. Бастани қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатии Раёсати корҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
12. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти дигари хизматчиёни давлатии Раёсати корҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

3. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии раёсати корҳо

13. Раёсати корҳо ҳамчун масъули коргузорӣ ва назорат вазифаи маркази ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва корҳои махсуси Кумитаро, ки мақсади асосии он мусоидат ба риояи талаботи қонунгузорӣ, таъмини кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон мебошад, иҷро менамояд.
14. Раёсати корҳо барои таъмини иҷрои вазифа ва функсияҳои зерин ваколатдор мебошад:
- саривақт дастрас намудан, ба назорат гирифтан, аз назорат баровардан ва пур кардани варақаҳои назоратӣ;
- пешниҳоди маълумоти таҳлили ҳарҳафтаина ба Раиси Кумита оид ба рафти иҷрои асноди назоратӣ;
- таҳияи пешниҳод дар хусуси андешидани чораҳо нисбати шахсоне, ки ба вайронкунии интизоми иҷро роҳ додаанд;
- ташкил намудани дафтарҳои бақайдгирии алоҳида ва ба роҳ мондани воридот ва содироти мактубҳо ва назорати рафти иҷрои онҳо;
- таҳти назорати пайваста ва қатъӣ гирифтани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- роҳандозӣ намудани варақаҳои назоратии шакли ягона ва муқаррар намудани муҳлати иҷро тибқи муҳлатҳои дар асноди назорати зикршуда ва ё дар мувофиқа бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба ҳисоб гирифтани муҳлати иҷрои ҳуҷҷатҳо аз рӯзи воридшавӣ ва вобаста ба хусусияту мазмуни ҳуҷҷат аз рӯи имзо;
- таъмин намудани бақайдгирии муроҷиаткунандагон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», назорат ва мусоидат намудан ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида баррасӣ гаштани онҳо;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани коргузорӣ ва назорат дар Кумита;
- ба истифодабарандагон ва иҷрочиён расонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини бақайдгирии саривақтии ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ;
- назорати фаъолияти коргузории сохторҳои таркибии Кумита;
- ташкили назорат аз болои иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои мақомоти болоӣ;
- ташкил ва таъмини назорат аз болои рафти иҷрои супоришҳои роҳбарияти Кумита;
- ташкили феҳрасти парвандаҳо, ҳифз ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, омода ва ба бойгони супоридани онҳо;
- таҳлил ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмил ва беҳдошти вазъи коргузорӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт муайяншуда;
- самтдиҳӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти коргузории воҳидҳои сохтории Кумита ва дар ин самт расонидани кӯмакҳои амалию методӣ;
- саривақт ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои воридотӣ, ба роҳбарият расонидан ва пас аз амри хаттии роҳбарият ба иҷрокунандагон дастрас гардонидани онҳо;
- тибқи дастурамали коргузорӣ ба низом даровардани раванди ба назоратгузориву аз назоратбарории ҳуҷҷатҳо, талаби саривақтии иҷрои онҳо аз масъулину иҷрокунандагон ва пешниҳоди ахбор ва мактубҳои ҷавобӣ оид ба баррасӣ шудан;
- назорати доимии иҷрои супоришҳои Раиси Кумита ва муовинони ӯ, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумита, нақшаҳои корӣ ва чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раиси Кумита;
- таъмин намудани бақайдгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои воридшаванда аз лаҳзаи воридшавӣ;
- ба қайд гирифтан, ба расмият даровардан ва фиристодани муросилоти содиротӣ то ҷои таъиншуда, таъмини чоп ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо;
- мусоидат намудан оид ба саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, фармоишҳои роҳбарият, дархост ва мукотибот бо вазорату идораҳо;
- пешниҳоди таҳлилҳои шуморавии ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ ва сифати ҳуҷҷатҳои назоратӣ дар ҳар як марҳила (семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона) ба роҳбарияти Кумита;
- ташкили кор оид ба қабули ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла фармоишу супоришҳои роҳбарият, бақайдгирӣ, тартиб додани парвандаҳо, омода ва мувофиқа сохтани онҳо барои супоридан ба бойгонии давлатӣ;
- таҳия ва чопи протоколҳои ҷаласаҳои назди Раиси Кумита;
- баррасии ҳуҷҷатҳо, мактубҳои ба Раиси Кумита ва муовинони ӯ ирсолгардида вобаста ба хусусият ва самти фаъолият;
- омода намудани маърӯзаҳо, ҳисоботи Раиси Кумита ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;
- иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои Раиси Кумита ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси Кумита пешниҳод намудани нақшаҳои кории солона ва нимсола;
- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор;
- мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа;
- омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба мақомоти болоӣ;
- назорати риояи интизоми меҳнат дар воҳиди сохторӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳои ҷории ба ваколати коргузорӣ ва назорат алоқаманд, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд ва ё аз ҷониби Раиси Кумита супориш дода шудаанд.

4. Ҳуқуқҳои раёсати корҳо

15. Раёсати корҳо ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва назорати раванди коргузории Кумита;
- назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” - ро анҷом диҳад;
- ба назорат гирифтан, аз назорат баровардан ва пур кардани варақаҳои назоратиро амалӣ намуда, рафти иҷрои асноди назоратиро таҳлил намояд;
- нисбати шахсоне, ки ба вайронкунии интизоми иҷро роҳ додаанд, пешниҳод дар хусуси андешидани чораҳо таҳия намояд;
- оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳияшуда, ки ба масъалаҳои коргузорӣ ва ҳамчунин ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба озодии виҷдон иртибот доранд, хулоса пешниҳод намояд;
- бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти раёсати корҳо ҳамкорӣ намояд;
- фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ташкилотҳои ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти раёсати корҳо ҳамоҳанг созад;
- дар бораи масъалаҳои марбут ба салоҳияти раёсати корҳо аз вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва идоракунӣ иттилооти дар ихтиёри онҳо бударо талаб намояд ва гирад;
- дар мавриди зарурат комиссияҳои муваққативу доимӣ, шӯрои ҳамоҳангсоз, шӯрои коршиносон ва гурӯҳҳои кориро таъсис диҳад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо, шартномаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият тибқи дастури роҳбарияти Кумита ширкат намояд;
- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни давлатии Кумита, сохторҳои системаи он оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо Раиси Кумита барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи раёсати корҳо вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарияти Кумита ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намояд.
16. Раёсати корҳо дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Муқаррароти хотимавӣ

17. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, масъулияти сардор ва кормандони раёсати корҳо дар дастурамалҳои мансабӣ, ки аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ мегарданд.
18. Масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво