21 май 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Бахши кадрҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1504
Бахши кадрҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Зокиров Ғайратҷон Ҷумъаевич
Мудири бахши кадрҳои дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Вазифаҳои бахши кадрҳо

1. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони бахшро анҷом медиҳад.
2. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
3. Маводҳои воридотиро ба кормандони бахш барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд;
4. Ба кормандони бахш дар доираи ӯҳдадориҳои мансабиаш супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
5. Талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдоштаро дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъба амали менамояд.
6. Дар санҷишҳои фаъолияти бахшҳои кадрии ташкилотҳои системаи Кумита оид ба риояи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок менамояд.
7. Барои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ ва ташкили захираи кадрхо масъул мебошад.
8. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
9. Нақшаи кории шӯъбаро барои ҳар як нимсола таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
10. Ҳисоботҳои ҳар семоҳа дар бораи фаъолияти кормандони шӯъбаро қабул ва баҳогузорӣ менамояд.
11. Оид ба фаъолияти худ ва шӯъба ҳар семоҳа ба Раиси Кумита дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод менамояд.
12. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ҷумҳурявӣ иштирок менамояд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво