23 июл 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон

2057
Сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон

НИЁЗЗОДА АЗИЗБЕК

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории мақоми давлатӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Низомномаи худро ба роҳбарӣ мегирад.
Раёсат таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумита фаъолият мекунад.
Раёсатро сардори Раёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд, роҳбарӣ мекунад. Дар фаъолияти худ Раёсат бо корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, дигар ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ менамояд.
Раёсат аз роҳбарият, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис иборат мебошад.

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон вазифаҳои зерин дорад:
- таъмини иҷрои дастуру супоришҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастабударо танзим менамоянд;
- таъминоти иттилоотию таҳлилӣ вобаста ба фаъолияти Кумита;
- таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии Кумита;
- таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;
- таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
- баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;
- таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Кумита;
- иштирок намудан дар таҳияи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва рушди манзили дастрас;
- иштирок намудан дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинигардида Раёсат функсияҳои зерин дорад:
- ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии роҳбари мақоми давлатӣ ба Раёсат дахлдошта;
- омода намудани маърузаҳо, ҳисоботи роҳбари мақоми давлатӣ ва масъалаҳои илмӣ, меъёрию техникӣ дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;
- иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбари мақоми давлатӣ ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳа;
- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои Раёсат дар соҳаи дахлдор солона, нимсола ва семоҳа;
- мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа;
- омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба мақомоти болоӣ;
- қабул ва баҳогузорӣ намудани ҳисоботҳои семоҳа ва солонаи фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита;
- назорати риояи интизоми меҳнат дар Раёсат.

Соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳои эҷодкунанда, созанда ва бунёдкунандаи шаҳрсозӣ, бино ва иншоот буда, басо меҳнатталаб мебошад ва низ масолеҳ ва энергияи зиёд мехоҳад. Дар рафти сохтмони иморат ва иншоотҳо миқдори зиёди захираҳои табиӣ, аз ҷумла, маводи инертӣ, чӯбу тахта, оҳан ва ғайраҳо сарф шуда, ҳангоми истифодабарии бино ва иншоотҳо миқдори зиёди энергия зарур мегардад. Нишондиҳандаҳои иншоотҳои сохтмонӣ ба бехатарӣ, нигоҳдории солимии ҷамъият, моликияти онҳо ва муҳити зист таъсири худро расонида бо омилҳои иқтисодиву иҷтимоии сиёсати дохилии давлат вобастагӣ доранд.
Аз ин лиҳоз, маҳсулоти сохтмон ва раванди бунёдкорӣ ҳама вақт объекти танзими техникии давлатӣ мебошад. Чунин ба танзимдарорӣ дар асоси системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмон, ки асосан аз меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ иборат ҳастанд, амалӣ карда мешаванд.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нигоҳдории системаи ягонаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмонро ҳамчун асоси ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмони ҷонибдорӣ намудааст.
Аз соли 2004 инҷониб ба таҳияи системаи миллӣ оғоз карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои меъёрии миллӣ ба шароити хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шуда, таъмини бехатарӣ ва эътимоднокии бино ва иншоотҳоро муайян менамоянд.
Мувофиқ ба номгӯи меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, зиёда аз 1673 меъёрҳои гуногуни ба танзимдарорандаи соҳа мавҷуданд. Аз ин Шумора аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар солҳои 2004-2018 ба миқдори зиёда аз 463 адад ҳуҷҷатҳои гуногун таҳия ва нашр шудааст.
Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо назардошти талаботи амалкунанда бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд. Ҳамчунин бо мақсади ягона сохтани истилоҳоти сохтмонӣ байни истифодабарандагон меъёри сохтмони «Истилоҳоти сохтмонӣ» таҳия ва барои истифодабарӣ пешниҳод шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 93%-аш кӯҳсор аст дорои хатарҳои геологӣ, заминҷунбӣ, сангрезаҳо, ярчҳо, селҳо мебошад. Ҳамагӣ дар шаҳрҷойҳо 26% аҳолии Ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, боқимонда 74% -и он дар деҳот зиндагонӣ доранд, ки барои таъмини шароитҳои лозима ва бехатарии зисти онҳо меъёрҳои нав таҳия шуда истодаанд.
Бо оғоз гардидани сохтмонҳои гуногуни муҳими давлатӣ, аз ҷумла, иншооти гидротехникӣ, роҳҳо, туннелҳо ва купрӯкҳо, манзилҳои истиқоматӣ, маданию маишӣ, таҳияи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бо назардошти талаботҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Рушди раванди илмию техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ дар сохтмон ба баланд бурдани сифати маводи сохтмон, баланд бурдани тавсифоти истеъмолии истифодабарии бино ва иншоот, эътимоднокии амният, ҳузуру ҳаловати истифодаи эстетикӣ, сарфанокии истифода, дигаргунсозии муҳити меъморию сохтмонии соҳаи ҳаётан муҳим ва рушди минбаъдаи онро то сатҳе, ки ба дастовардҳои муосири иҷтимоии кишварҳои инкишофёфта ва аз нигоҳи техникӣ пешрафта мутобиқ аст, таъмин карда мешавад.
















Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво