Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Самизода Ҳамрохон
Cардори Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Сохтори Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ:

- шӯъбаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва амалӣ гардонидани он;
- бахши бозори рушди манзили дастрас.

Яке аз рукнҳои сохтори дастгоҳи Кумита Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ мебошад.

Мутахассисони раёсат дар назди худ чунин вазифаҳоро гузоштанд:

Аз соли 2003 ин сиёсати кадрҳо доимо дар мадди назари роҳбарияти Кумита буда бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани савияи дониши инженерию техникӣ бо Донишгоҳи техники Тоҷикистон ва бо дигар донишкадаҳо шартнома баста буд.

– тарбияи кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандон

– ба сифати баланд иҷро кардани корҳои сохтмонӣ

– таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ ва сармояи хориҷӣ дар сохтмони иншоотҳо

– таъмин намудани сифати баланди корҳои сохтмону васлкунӣ ва иншоотҳои сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ

– тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзур намудани назорати Бозрасии давлатии сохтмон ва Маркази давлатии литсензионӣ оиди риоя намудани қонунҳои амалкунанда дар соҳаи сохтмон.


Дар давраи соли 2004 аз тарафи мутахассисони Саридораи истеҳсолии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи тайёр намудани иншоотҳо ва базаи моддию техникии корхонаҳои тобеъро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2004-2005 назорат мебурд ва ба ин мақсад нақшаи чорабиниҳо тартиб дода Ситоди доимоамалкунанда ташкил карда шуд.

Аз 10 майи соли 2005 таҳти № 179 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба омодагӣ ва баргузаронии ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб» ҳамаи он иншоотҳое, ки ба охир расиданашон пешбинӣ шуда буданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Барои дар сари вақт барқарор намудани маҳаллаҳои аз офати табиии моҳи июни соли 2005 ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва шаҳри Панҷакент зарар дида мутахассисони Кумитаи давлатӣ бевосита иштирок намуданд. Дар муддати кӯтоҳ барои аз офати табии зарардадагон дар мавзеи Саразми ноҳияи Панҷакент шаҳраки Саразм бунёд гардид, ки то тамоми иншооти характери иҷтимоӣ дошта, ба монанди мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатти интиқоли барқу об ва роҳҳо ба истифода дода шудаанд.

Кормандони Раёсат ва ташкилотҳои тобеи Кумита дар кори бомуваффақияти Шӯрои Байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон, Симпозиуми байналхалқӣ ва намошгоҳхои сохтмонӣ (шаҳрҳои Москва, Остона, Бишкек, Ереван) дар ҷаласаи XXII Шӯрои Байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намошгоҳи дуюми масолеҳи сохтмонӣ ва Симпозиуюми III-уми байналхалқӣ оид ба геотехника дар ш. Душанбе фаъолона ширкат варзиданд.

Сохтмони иншоотҳо бо таҳияи лоиҳаҳои пурра ва гузаштани ташхис аз тарафи Идораи ташхиси лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои кори Саридораи истеҳсот буд.

Саридораи истеҳсолот асосан аз рӯи сифати корҳои сохтмону васлкунӣ дар иншоотҳо, ҷорӣ намудани усули нави нархгузорӣ (бо усули захиравӣ) ва рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сифати он дар иншоотҳои ҷумҳурӣ машғул буд. .

Соли 2007 бо пешниҳоди Кумитаи Федералии сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Россия (Росстрой) ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Раёсат Хайруллоев Н. дар Шӯрои 21-уми барномаи Сохтмони Миллали Мутаҳид «ХАБИТАТ» аз 16-21 апрели соли 2007 дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения иштирок намуд.

Ҷиҳати ҳамкорӣ оиди сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ вохӯриҳои судманди дутарафа бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ, ба монанди Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарияти Кумита гузаронида шуданд.

Дар ин давра сардори Раёсат дар Конфронси дуюми назоратии давлатҳои Осиё ва минтақаҳои Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Теҳрони Чумҳурии Исломии Эрон гузашт, иштирок намуд.

Аз тарафи мутахассисони агентӣ чиҳати ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои «Боғи Устод Рӯдакӣ», Заводи кабелбарорӣ ва «Қасри Пойтахт», ва «Ҳавзи танзими шабонарӯзӣ»-и шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Хушбахтона дар арафаи рӯзи Ваҳдат иншооти «Қасри Пойтахт» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз тарафи мутахассисони Раёсат дар иншооти «Боғи Устод Рӯдакӣ» оиди рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ба Раиси шаҳри Душанбе ҳар ҳафта гузориш пешниҳод мекарданд, ки корҳои сохтмонию васлгариро дар мӯҳлати муқарраргардида ба анҷом расонида аз тарафи сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ иншоот ба кор дароварда шуд.

Гурӯҳи корӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳр дар иншоотҳои ш. Душанбе санҷиш гузаронд, аз ҷумла, дар:
– Меҳмонхонаи «Панҷситорадор»-и воқеъ дар кӯчаи И. Сомонӣ
– Маркази «Исмоилия»
– «Бизнес центр», воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ
– Хонаи истиқоматии 16 ошёна
– «Маркази ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода

Оиди рафти корҳои сохтмонӣ ҳар ҳафта маълумот пешниҳод карда мешуд ва иншоот бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти Кумита мутахассисони Раёсат дар чорабиниҳо ва комиссияҳои байниидоравӣ иштирок намуда, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа маълумотнома ирсол намуданд.

Сардори Раёсат Самиев Ҳ. Х. аз 3 июл то 16 июли соли 2009 дар семинар оид ба сохтмони минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой гузашт, иштирок намуда, соҳиби сертификати Вазорати коммерсияи Ҷумҳурии Хитой гашт.

Сардори Раёсат санаи 26-27 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи якуми Комиссияи ҳамкорӣ байни Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маҳалли аҳолинишин (ХАБИТАТ) ва Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзӯи «Тафсири ҳолати фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Инчунин дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо, ки аз 22-ум то 26-уми марти соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок намуда дар бахши «ХАБИТАТ»-и Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзӯи «Ҳолати бозори манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар бахши «Комиссияи Иқтисодии Аврупо» дар мавзӯи «Ҳолати кунунии энергиясамаранокӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсат дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналхалқии ОКСФАМ мизи мудаввар дар мавзӯи «Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Ҷиҳати иҷрои Протоколи № 1с/12. 2-12 ҷаласаи VI-уми Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 23 июли соли 2010, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати омода намудани маводҳои дақиқи таҳлилӣ, ҳалли масъалаҳои актуалии соҳа дар бинои Кумита як чанд маротиба машварати корӣ гузаронида, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон ба тасвиб расонида, ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Сардори Раёсат дар семинари таълимӣ «Оид ба таъминот бо манзили дастрас дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки дар санаи 14-17 марти соли 2011 дар шаҳри Мински Чумҳурии Белоруссия гузашт, иштирок намуд. Инчунин санаи 18 марти соли 2011 дар ҷаласаи дуюми Комиссияи ҳамкорӣ байни Созмони Миллали Муттаҳид – ХАБИТАТ ва Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди таъмини манзили дастрас иштирок намуда баромад намуд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 257 аз 12 майи соли 2010 «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи рафъи оқибатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаҳо ирсол карда шуданд.

Ҷиҳати гузаронидани ташхиси суди сохтмонӣ доир ба парвандаи № 2-53/10 бо даъвои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷавобгарии ҶСШК «Строител»-и ш. Ваҳдат дар бораи рӯёнидани ҷарима оиди ҳалли ин масъала дар ҷояш дида баромада, ба вилояти Суғд сафар намуда аз натиҷааш ба Суди олии иқтисодӣ хулосаи санҷишӣ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои супориши Протоколи №15/3-37 Ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғуломов доир ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавию байниноҳиявии вилояти Хатлон» аз 30 октябри соли 2010 мутахассисони Раёсат дар ҷояш ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмониро омӯхта аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санад пешниҳод карданд

Аз ҷониби кормандони Раёсат оиди гузаронидани санҷиши сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои муҳими ҷумҳуриявӣ НБО «Роғун» ва НБО «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби мутахассисони Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Кумита пешниҳод гардиданд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузоришҳо ирсол карда мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мувофиқи супориши роҳбарияти Кумита ҷиҳати санҷиши рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори Раёсат Самизода Ҳ. мунтазам амал карда истодааст.

Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироии Кумита ҳар семоҳа маълумотномаи фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои зерсохтори Кумитаро таҳлил намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Инчунин оиди ҷараёни корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома ирсол менамояд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво