Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ

Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ
САРДОРИ ХАДАМОТ
ТАВАРОВ РАҲМАТУЛЛО ҲУКМАТУЛЛОЕВИЧ

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Валамат-зода 19/11- индекс 734025.
Тел.221-02-37 тел/факс 223-03-59
E-mail :hadamot2012@mail.ru

Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №177 ташкил шуда, аз 4 сентябри соли 2014, №586 ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ табдил дода шудааст. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ба миқдори 37 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 11 муқаррар карда шудааст.

Маблағгузории 25 воҳиди кории Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 12 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода мешавад.

1. Хадамот ваколатҳои зерин дорад:

- назорат оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ;

- назорат оид ба риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу конструксияҳои бинокорӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ ва шахсони воқеъӣ;

- назорат оид ба риояи сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ ҳангоми сохтмони манзилгоҳҳо, иншооти таъиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, роҳҳо, азнавсозии биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;

- назорат оид ба риояи намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- назорат оид ба фаъолияти марбут ба назорати муаллифӣ ва техники ташкилтҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон;

- назорат оид ба сари вақт ва босифат аз ҷониби иштирокчиёни сохтмон анҷом додани корҳои ҷустуҷӯи муҳандисӣ, озмоишӣ, аксбардорӣ, ченкунӣ ва аз рӯи натиҷаи онҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурии истеҳсолию техникӣ ва иҷроишӣ, ки дар ҳуҷҷатгузории меъёрию техникӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шудаанд;

- оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва риояи талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар бахши усулҳои ҳалли меъморию шаҳрсозӣ;

- ба амал баровардани назорати мунтахаб оид ба риояи қоидаҳои қабули иншоот барои истифода аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул ва андешидани чораҳои дахлдор;

- таҳия намудани пешниҳодот оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои нави методӣ ва меъёрии ҷорӣ ва таҳияшаванда, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, конструксия ва маснуотро аз ҷиҳати ташкилотию ҳуқуқии низоми сохтмон таъмин менамояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, дигар ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ дар марҳилаи бунёди иншоот;

- иштирок дар кори Комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода додани иншоот;

- ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назорати давлатӣ, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва ҷаъмиятӣ оид ба масъалаҳои таъмин намудани сифати масолеҳи сохтмонӣ, риояи қонунгузории сохтмон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ.

Хадамот дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боздид намудан аз иншооти сохтмонӣ, корҳонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо ва маснуот, пойгоҳҳои моддию техникӣ, муассиса ва ташкилотҳои сохтмонӣ ё машғул бо хизматрасонӣ дар сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- санҷиш намудани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ва аз рӯи натиҷаи он додани амрнома доир ба ислоҳи камбудиҳо, инчунин қабули қарорҳо дар бораи ҷаримабандӣ;

- иштирок кардан дар кори Комиссия оид ба тафтиш сабабҳои садамаи биноҳо ва иншоот;

- талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техникӣ, лоиҳавӣ ва иҷроишии иншоот аз иштирокчиёни сохтмон;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ аз пудратчиён, истеҳсолкунандагони конструксияҳои сохтмонӣ ва маснуот талаб кардани интихобан кушодани ҷуъоҳои сохти алоҳидаи бино ва иншоот, гузаронидани санҷиши иловагии озмоишӣ ва боздоштани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмону васлкунӣ ва малабғузории сохтмонҳо то рафъи камбудиву норасоиҳои дар обеъектҳо ошкоргардида аз ҷониби бонкҳо ва фармоишгароне, ки барои сохтмон маблағ ҷудо мекунанд;

- ҷалб намудани мутахассисони вазорати идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳо иштирок дар тафтиши сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ, конструксияҳо, маснуот ва масолеҳ, гузаронидани табқиқот ва санҷиш;

-ҳангоми зарурат додани супориш ба мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот вогузошта;

-додани дастури ҳатмӣ барои иҷро ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор оид ба ислоҳи корҳои сохтмонии бесифат иҷрошуда ва ивази маснуоту масолеҳи бесифат;

- додани муҷозоти маъмурӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

-боздоштани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмонӣ ҳангоми ошкор намудани нуқсон ва вайронкуниҳои меъёр, ки боиси таҳдиди ноустуворӣ ва беэътимодии бино, иншоот ё як қисми онҳо, коммуникатсияҳои муҳандисӣ, конструксияҳо ё аз байн рафтани онҳо мегардад;

-боздоштани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ошкор кардани сохтмони худсарона ё риоя накардани асноди лоиҳавию хароҷотии тасдиқгардида;

-пешниҳоди мавод ба мақомоти омори давлатӣ оид ба хориҷ кардан аз ҳисоби давлатӣ барои вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баистифодадиҳии объектҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва истеҳсоли маснуотӣ корхонаҳои саноати сохтмон, ки ҷавобгӯи стандартҳо, сертификатҳо ва шартҳои техникӣ намебошанд;

-пешниҳод намудани мавод оид ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ тибқи тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ;

-пешниҳод намудани мавод ба Хадамоти соҳавии иҷозатномадиҳӣ оид ба боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқарраршуда барои намуди дахлдори фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво