Главная > Қонунҳо > Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон

Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон


7-10-2015, 09:52.
1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда.
2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 235)..
3. Ҳуҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқаткунандаи соҳибкори инфиродӣ ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба иморат ва биноҳои барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани довталаб, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад, бо зикри ном ва дигар реквизитҳои ҳуҷҷатҳо;
- хулосаи мусбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 235)..
4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад ба ҳайати комиссияи иҷозатномадиҳӣ намояндагони ташкилотҳои касбию эҷодии соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, экспертҳои мустақил, мутахассисони алоҳидаи баландихтисос, инчунин дигар шахсонро барои баҳрдиҳии мустақилонаи мутобиқати довталаби иҷозатнома (иҷозатномадор) ба талабот ва шартҳои иҷозатномавӣ ҷалб намояд (ѕарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 235).

Замимаи 5
ба боби 27 Низомнома дар
бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият


Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокӣ барои корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 235)


1. Муқаррароти умумӣ

1. Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои марбут ба таҳияи ҳуҷҷатҳои банаѕшагирии шаҳрсозӣ, таҳияи нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо, тарҳрезии меъморӣ, тарҳрезӣ ва нақшакашии сохтмон, тарҳрезии шабакаҳо ва системаҳои муҳандисӣ, таҳияи фаслҳои махсуси лоиҳа, тарҳрезии технологӣ (аз рӯи соҳаҳои саноат ва унсурҳои алоҳидаи хоҷагӣ), таҳияи лоиҳаҳои намуди дохилии иморат ва дизайн, иҷрои вазифаҳои лоиҳакашии куллро дар бар мегирад.
2. Фаъолият оид ба сохтмони биноҳо, иморату иншоот корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот, сохтмони шабакаҳо, таркиботи шабакаҳои муҳандисии берунӣ ва таҷҳизот, таркиботи шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷҳизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологӣ, иҷрои вазифаҳои пудратчии кулл ва иҷрои вазифаи фармоишгарро дар бар мегирад.
3. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда (минбаъд - сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда) вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷрои корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда муқаррар карда мешавад.
4. Талабот ва шартҳои умумии иҷозатномадиҳӣ:
- на кам аз 50 фоизи шумораи штатии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар сохди тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи таҳқиқ ва барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалу муҷассамаҳо доштани соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механикӣ ва дастӣ, таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳои сайёр ва энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ доштани довталаби иҷозатнома, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ доранд ва барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда заруранд;
- мавҷуд будани системаи назорати сифати корҳои анҷомдодашаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ;
- иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон;
- номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ дар қисми 2 Тартиби мазкур нишон дода мешавад.

2. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда

5. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ ва сохтмонӣ ба се дараҷа ҷудо карда мешаванд:
а) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - I;
б) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - II;
в) сатҳи масъулиятнокии дараҳаи - III.
6. Иҷозатномадор ҳуқуқи иҷрои намудҳои муқарраргардидаи корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулнокии онҳо дар иҷозатнома нишон дода шудааст.
7. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II ва дараҷаи III - ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III - ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III ҳуқуқи иҷро намудани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I ва дараҷаи II - ро надорад.
8. Аз як сатҳ ба сатҳи масъулиятнокии дигар гузаштан, сарфи назар аз мӯҳлати амали иҷозатнома, дар асоси аризаи иҷозатномадор ва талаботи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
9. Дар ҳолати аз тарафи иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иозатномадиҳӣ, сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда паст карда мешавад.
10. Ба корхонаҳои навтаъсис ва шахсони воқеӣ таніо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулиятнокиаш дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
11. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз ҳисоби маблағҳои худашон, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои буҷети маҳаллӣ, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорон ё дар асоси қарордод вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникиро дар сохтмон ба иҷро мерасонанд, танҳо барои иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ дар сохтмон иҷозатнома дода мешавад.
12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба имкониятҳои доштаашон метавонанд танҳо барои иҷрои қисмҳои алоҳидаи корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ё корҳои махсуси сохтмонӣ ва қисмҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ иҷозатнома гиранд.

3. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ

13. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 75 фоизи муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, озмоишгоҳ, базаи истеҳсолӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмониву меъмориро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.
14. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии бинову иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;
- иншооти гидротехникию мелиоративӣ;
- иншооти энергетикӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектои мавҷуда.
15. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 50 фоизи ҳайати муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмонӣ ва меъморӣ доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.
16. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12- ошёна;
- биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;
- биною иншооти кишоварзӣ;
- иншооти муҳандисӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркуиии объектҳои мавҷуда;
- иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ.
17. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ва камтар аз 50 фоизи муҳандисони лоиҳакаш доранд, идораи корӣ, озмоишгоҳ ва асбобу таҷҳизоти худро бо дигар асосҳои қонунӣ ташкил намудаанд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
18. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи Ш корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиѕоматӣ ва ҷамъиятии то 3 - ошёна;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- қисмҳои алоҳидаи лоиҳа;
- таҳияи лоиҳаҳои дохили бино ва дизайн.

4. Сатҳи масъулиятнокии корҳои сохтмонӣ
19. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ зиёда аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, коргарони қатории ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор (доимӣ ё шартномавӣ), инчунин техника, дастгоҳу таҷҳизот, механизмҳо ва заминаи моддию техникии худро доранд: барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.
20. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;
- иншооти гидротехникию мелиоративӣ;
- иншооти энергетикӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарорқунии объектҳои мавҷуда.
21. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, заминаи моддию техникӣ ё техникаю таҷҳизоти худро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.
22. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12 - ошёна;
- иншооти муіандисӣ;
- биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;
- биною иншооти таъиноти кишоварзӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- иҷрои вазифаҳои пудратчии генералӣ.
23. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатиашон камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ доранд ва идораи корӣ, заминаи моддию техникӣ, техникаю механизмҳоро бо дигар асосҳои қонунӣ барои анҷомдиҳии фаъолияташон истифода мебаранд, барои иҳрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
24. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи Ш корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони биною иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии то 3 - ошёна:
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- иҷрои корҳои махсуси сохтмонӣ;
- иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ дар бумёди иморату иншоотҳо;
- иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ.
25. Иҷозатномаҳое, ки то қабули Тартиби мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.
Вернуться назад