Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шахрсозӣ»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти
маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ


Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои худро ба Низомномаи мазкур мутобиқ намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 №127 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома "Дар бораи мақомоти меъморию шаҳрсозӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво