Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шахрсозӣ

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2009 № 127
тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ
мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ


I. Муқаррароти умумӣ


1. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ воҳидҳои сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ (минбаъд мақомоти ваколатдори давлатӣ) мебошанд.

2. Низоми мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ваколатдори давлатӣ иборат аст аз:

-раёсатҳои меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

-шӯъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳо ва ноҳияҳо.

3. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар фаъолияти худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд.

4. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланк бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ҳамчунин дигар мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкҳо барои фаъолияти худ.

5. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон", дигар қонунҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

6. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмонӣ, экспертизаи ғайриидоравии давлатӣ, корхонаи бақайдгирии техникӣ, мақомоти давлатии бақайдгирии амволи ғайриманқул, муассисаҳои маҳаллии Иттифоқҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, таълимӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.

7. Номгӯи воҳидҳое, ки ба сохтори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дохил мешаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи нақшаи идоравӣ ва шумораи штатҳо, Ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар менамояд.

II. Мақсадҳо, вазифаҳо ва функсияҳои асосии мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ


8. Мақсади мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ - дар ҳудуди воҳиди маъмурӣ - ҳудудии дахлдор амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мебошад.

9. Вазифаҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ инҳоянд:

- ташкил ва татбиқи тадбирҳои маҷмӯавӣ, ки ба бунёди муҳити бехавф, аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз нуқтаи назари иҷтимоиву маънавӣ комил, барои ҳаёт ва фаъолияти кору зиндагии созгор, рушди муҷтамаъ ва босамари инфраструктураи иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва муҳандисӣ - нақлиётӣ, ташаккули низоми дурусти ҷойгир намудан, нигоҳ доштани мероси таърихиву фарҳангӣ, манзарҳои табиӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи муассирии меъморию - бадеии сохтмонҳои шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин равона шудааст;

-дар доираи салоҳияти худ назорати таъмини шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо ҳуҷатгузории зарурии шаҳрсозӣ, муҳандисӣтадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, риоя ва саривақт нав кардан ва тарҳрезии онҳо, сифати сохтмон ва ободонии ҳудуди онҳо;

-ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расондани кӯмаки ташкилӣ, методӣ ва ғайра оид ба масоили меъморӣ ва шаҳрсозӣ.

10. Функсияҳои асосии мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ инҳоянд:

-бо тартиби муқарраргардида ташкил ва амалисозии кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги иншоотҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, пешбурди фондҳои иттилоотии кадастри шаҳрсозӣ;

- баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳо оид ба мавзеъҳои ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва манзараҳои меъморӣ, дизайни шаҳр, лоиҳаҳои тармими муҷассамаҳои меъморӣ, таърихи ва фарҳангӣ, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд ва назорати иҷрои онҳо;

-ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони манфиатдор ҷиҳати рушди санъати меъморӣ, ҳифзи осори меъморӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, манзараҳои табиӣ, инчунин барои таъмини азнавсозии мавзеъҳои сохтмонҳои таърихӣ, эҳёи меъмории миллии классикӣ ва таъмини ансамбли ягонаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки самтҳои гуногуни амалияи меъморӣ ва шаҳрсозии ватанӣ ва хориҷиро дар бар мегирад;

-иштирок дар гузаронидани экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ, бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфраструктураҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоршаванда оид ба масъалаҳои амният, захираи қувваи барқ, риояи талаботҳои меъёри ва талаботҳои фармоиши меъморию , лоиҳакашӣ;

-ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани лоиҳаҳои қарорҳо ва дигар санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудаанд, инчунин дар доираи салоҳияти худ иштирок дар баррасӣ ва омодасозии хулосаҳо оид ба лоиҳаҳои қарорҳо ва дигар санадҳо, аз ҷумла онҳое, ки ба дигар соҳаҳо ва намудҳои фаъолият тааллуқ доранд.

11. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ инчунин дигар функсияҳоро, ки хилофи қонунгузории меъморӣ ва шаҳрсозӣ нестанд, иҷро мекунанд.

III. Ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ


12. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:

-дар доираи салоҳияти худ фармонҳо бароранд, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ амрҳо диҳанд;

-аз рӯйи лоиҳаҳои санадҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар қисми масоили ободонӣ, дизайн, ҷойгир намудани рекламаи беруна, ороиши бадеӣ, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ хулосаҳо диҳанд;

-дар доираи салоҳияти худ оид ба масоили истифодаи меъёр, қоидаву стандартҳо дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ шарҳҳо диҳанд;

- дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба ҳайси фармоишгар ҷиҳати таҳияи барномаҳои мақсадноки шаҳрсозӣ ва дигар ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ баромад мекунанд.

13. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд:

-бо тартиби муқарраршуда таҳия, тасдиқ ва ё пешниҳод ба тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавии иншоотҳои меъмориро таъмин намоянд, корҳои илмӣ-тадқиқотиро, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ ва лоиҳавиро, ки бо тартиби муқарраршудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби дигар манбаҳои маблағгузорӣ таҳия мешаванд, баррасӣ ва мувофиқа намоянд;

-бо дархости фармоишгарон (бинокорон) мувофиқи тартиби муқарраршуда фармоишҳои меъморию банақшагириро омода сохта, инчунин ҷиҳати интихоби қитъаи замин барои лоиҳакашии иншоотҳо, аз он ҷумла, ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун хулосаҳо диҳанд;

-бо тартиби муқарраршудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тадқиқотҳои муҳандисӣ, ҳуҷҷатхои аввалияи иҷозатдиҳанда оид ба бартарафкунии (ҷудо кардан, қисмат кардан) биноҳо, иморатҳо ва кабудизорҳо иҷозат диҳанд;

-дар гузаронидани тадқиқотҳои пеш аз лоиҳавӣ ва озмунҳои лоиҳаҳои меъморӣ ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ мусоидат кунанд, инчунин бо тартиби муқараргардида дар омода ва баргузор намудани озмунҳо дар иншоотҳое, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ширкат варзанд;

-дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ, истифодаи функсионалии ҳудудҳо, нуқтаҳои аҳолинишин ва дигар воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ, инчунин дар кори кумитаҳои дахлдор, идораҳову шӯъбаҳо, дигар мақомоту ташкилотҳои манфиатдор дар омода намудани маводи зарурӣ оид ба қайдгирии замин, оид ба нақшаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, додан ва ё тағйир додани намудҳои заминҳо дар ҳудуди идораҳои тобеъ ширкат варзанд;

-мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати танзими баҳсҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон рух медиҳанд, чораҳо андешанд;

-нақшаи генералии эҳтиётӣ (назоратӣ) ва нақшаҳои муфассали тарҳрезӣ ва банақшагирии ноҳиявиро амалӣ намоянд;

-мутобиқи қонунгузорӣ ҷо ба ҷо гузоштани ҳама гуна сохтмонҳоро дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи шаҳрсозӣ баррасӣ карда, лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмониро мувофиқа намоянд;

- нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии воҳидҳои маъмурӣ - ҳудудӣ, нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии муфассалро таҳия намоянд;

-дар ҳудуди дахлдор пешбурди кадастри шаҳрсозиро ба роҳ монда, ташкил ва пешбурди фондҳои бойгонии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, маводи тадқиқотҳои муҳандисӣ барои сохтмонро амалӣ намоянд;

-татбиқи лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳрезии муфассалро назорат баранд;

-мақомоти машваратию муҳокимавӣ - Шӯрои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки вазифаҳоро оид ба масоили меъморӣ, шаҳрсозӣ ва рушди ҳудудӣ, инчунин лоиҳаҳои иншоотҳои бузургу мураккаби меъморӣ, комплексҳои истеҳсоливу таъминкунанда иҷро мекунад ва асоснокии касбӣ ва тартиби ошкорбаёнии қабули қарорҳоро дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ташкил кунанд. Ба ҳайати Шӯро меъморони варзида ва кормандони ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҷалб карда мешаванд. Шӯро фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ тасдиқ шуда амалӣ намоянд;

-ташкил намудани минтақабандии шаҳрсозӣ ва дар нақшаҳои минтақабандӣ ҷудо кардани ҳудудҳо ва минтақаҳои ҳудудӣ, ки бо нишонаҳои махсуси истифодаи функсионалии ҳудудҳо ва амволи ғайриманқули дар онҳо мавҷудбуда, муайян мегарданд;

- таҳия ва тасдиқи лоиҳаи қарори раиси шаҳр (ноҳия) дар бораи аз ҷиҳати техникӣ номураккаб мансуб донистани тағйирдиҳии биноҳо ё иморатҳо;

-бо тартиби муқарраргардида иштирок дар кори комиссияи корӣ ва комиссияи давлатии қабули иншоотҳо, ба фармоишгарон ва дигар шахсони манфиатдор дар ташкили комиссияҳо ва тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати қабул ва тасдиқи санади комиссияи давлатии қабул оид ба қабули иншоотҳои сохтмонаш анҷомёфта барои истифодабарӣ мусоидат кунанд;

- лоиҳаҳои таҷзия, вайрон кардани биноҳо ва ё муваққатан боздоштани сохтмони иншоотҳои давлатӣ, инчунин ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ тааллуқдошта мувофиқа намояд. Талабот ва намуди иншоотҳо, лоиҳаҳои таҷзия, вайрон кардани биноҳо ё мувақатан боздоштани онҳо, ки бояд бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ мувофиқа шавад ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардад;

-дар интихоби қитъаҳои замин барои ҷойгир кардани шаклҳои хурди меъморӣ ва воситаҳои рекламаҳои беруна (визуалӣ) ширкат варзанд ва ҷойгир намудани онҳоро дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монанд;

-бо тартиби муқарраршуда ба фармоишгарон супориши меъморию банақшагирӣ диҳанд;

- нақшаи сохтмони мавҷуда (нақшаи тарҳрезӣ) ва нақшаи бақайдгирии ҷойгиршавии иморат ва хатҳои алоқа, таҷҳизоти муҳандисӣ ва мониторинги иншоотҳои фаъолияти шаҳрсозиро амалӣ созад;

-ба берун (маҳал) баровардани хатҳои сурх ва дигар хатҳои сохтмон, аломатҳои биноҳои баландошёна, хатҳои марказии биноҳо, иморату иншоотҳо, хатҳои алоқаи муҳандисӣ, инчунин ҳангоми гузоштани сарҳадҳои қитьаҳои замин иштирок кунанд;

-ҳуҷҷатгузории заминсозии ҳудудҳоеро, ки барои эҳтиёҷоти хочагиҳои деҳот истифода мешаванд дар минтақаҳои шаҳрӣ, маскани деҳотӣ ва мавзеъҳои наздишаҳрӣ мувофиқат кунанд;

-лоиҳаҳои қарори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ оид ба масоили банақшагирӣ, сохтмон ва ободонии нуқтаҳои аҳолинишинро таҳия намоянд;

-иҷрои ӯҳдадориҳои пудратчиён доир ба иттилооти иншоотҳои сохташаванда, бо ишораи фармоишгар ва пудратчии он, мӯҳлати оғоз ва анҷоми сохтмон ва дигар маълумотҳои заруриро назорат кунанд;

- экспозитсияҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳоро бо муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва экспертизаи ҷамъиятии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, ташкил кунанд;

- ҳангоми мувофиқаи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ташкили шабакаҳо иншоотҳои махсус барои шахсони ҷисман ноқис бо дарназардошти синну сол ва (ё) бемориашон (беморхонаҳо, марказҳои офият, хонаҳои собиқадорон, хона-интернатҳо барои маъюбону барҷомондагон ва дигар иншоотҳо) ва дигар марказҳои беҳдошти (офияти) шахсони ҷисман ноқис, ҷойгиршавии иншоотҳо ва ҳолатҳои шаҳрсозӣ дар минтақаҳои осоишгоҳӣ, минтақаҳои фароғатӣ ва сайёҳӣ, минтақаҳои табобатӣ, боғҳои миллӣ ва минтақаҳои берун аз шаҳрро назорат кунанд;

-таҳия ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини сифатҳои функсионалӣ ва бадеию-эстетикии нуқтаҳои аҳолинишин аз ҳисоби таносуби биноҳо ва иморатҳои нав, инчунин ёдгориҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва манзараҳои табиӣ, тавассути истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ ва усули сохтмону манзараҳои меъмориро анҷом диҳанд;

-назоратро ҷиҳати роҳ надодани истифодаи ғайривазифавии иншоотҳои дорои аҳамияти иҷтимоию - фарҳангӣ ва хизматрасонии коммуналӣ - маишӣ, ки ба пастравии хизматрасонӣ ба аҳолӣ оварда мерасонад ва аз ҷониби меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ манъ шудаанд, таъмин намоянд;

-амалӣ намудани дигар ваколатҳоеро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ пешбинӣ шудаанд.

IV. Муқаррароти хотимавӣ


14. Нигоҳдории мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво