Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 1
ба Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «6» майи соли 2009 №282


ТАРТИБИ
гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


I. Қоидаҳои умумӣ

1. Тартиби гузарнидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ наму-дани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тарбиб) тартиби гузаштани расмиёти маъмуриро, ки ба амалӣ намудани фаъо-лияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, муайян менамо-яд.

2. Тартиб аз руи принсипи «равзанаи ягона» амалӣ мегардад.

Принсипи «равзанаи ягона» масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозиро бо дигар мақомоти ваколатдор бо мақсади гирифтани шартҳо, мувофиқаҳо ва хулосаҳо, ба ғайр аз ҷудо кардани қитъаи замин ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ заруранд, пешбинӣ менамояд.

Қитъаи замин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи «Коидаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, интихоб ва ҷудо мегардад.

Расмиёти гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пас аз мувофиқаи онҳо бо мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ тибқи Тар-тиби мазкур бо ташаббуси фармоишгар сурат мегирад.

3. Тартиб нисбат ба иншоотҳои зерин татбиқ намешавад:

II. Намудҳои корҳои сохтмоние, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии

1 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ.

Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро доранд ва мутобиқи Тар-тиб ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро гирифтаанд, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳуқуқ доранд.

5. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро барои иҷрои корҳои сохтмонӣ вобаста аз намуди кор бо тартиби муқаррарӣ ё тартиби соддакардашуда гирифтан мумкин аст.

Намудҳои корҳои сохтмоние, ки барои иҷрои онҳо бо тартиби муқаррарӣ (дар ҳаҷми пурра) гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ талаб карда мешавад, инҳоянд:

6. Намудҳои корҳои сохтмоние, ки барои иҷрои онҳо ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо тартиби соддагардонидашуда дода мешаванд, инҳоянд:

III. Мақомоти ваколатдоре, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро медиҳанд

7. Тибқи муқаррарнамудаи Тартиб супоришҳои меъмориро барои таҳияи лоиҳаи сохтмон мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ медиҳанд.

8. Расмиёти вобаста ба гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ тибқи муқаррарнамудаи Тартиб аз ҷониби Раёсати

2 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонии Агентии со-хтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он амалӣ карда мешаванд.

Дигар намуди экспертизаҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

9. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи муқаррарнамудаи Тартиб мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ иҷозат медиҳад.

10. Иншооти омодашударо барои истифода Комиссияи давлатии қабул, ки вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмони иншооти барои истифо-да қабулшаванда аз ҷониби мақомоти зерин таъин гардидааст, қабул ме-намояд:

IV. Марҳилаҳо ва муҳлатҳои асосии гузаштани расмиёти иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ

11. Расмиёти вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

3 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ


12. Иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонии дар банди 6 Тартиб ни-шондодашуда, мутобиқи расмиёти соддакардашуда дар асоси ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда дар ҳаҷми маҳдуд (ҳамчун тарҳи лоиҳа) дода ме-шавад.

13. Ба истиснои ҳолатҳои дар банди 3 Тартиб пешбинишуда, барои иҷрои корҳои сохтмоние, ки дар Тартиб нишон дода нашудаанд, гириф-тани иҷозат талаб карда намешавад.

V. Додани супоришҳои меъморӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашии иншоот

14. Ҷиҳати гирифтани супоришҳои меъморӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашии иншоот, аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза пешниҳод мекунад.

15. Ба ариза бояд замима шаванд:

4 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ


аз номи аризадиҳанда намояндаи вай муроҷиат намояд;

в) иқтидорҳои истеъмолшавандаи системаи муҳандисии иншооти лоиҳааш таҳияшаванда барои гирифтани шартҳои техникӣ.

Талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар ҳамин банд пешбинӣ нашу-даанд, манъ аст.

16. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар банди 15 Тартиби мазкур пешбинишударо қабул намуда, дарҳол ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳоро тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ пешниҳод менамояд.

17. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ уҳдадор аст дар мӯҳлати 5 рузи корӣ баъди қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 15 Тар-тиб пешбинишуда, нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо барои ги-рифтани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, ба хадамоти зерин фиристонад:

а) қувваи барқ;

б) обу корез;

в) гармӣ (дар ҳолати мавҷуд будан);

18. Хадамоти муҳандисию техникии дар банди 17 Тартиб нишондо-дашуда, уҳдадоранд, ки дар давоми 10 рузи корӣ баъд аз гирифтани ари-за ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда, ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ шартҳои техникиро оид ба имконияти пайвастшавии иншо-оти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ, бо нишон додани ҷои пайвастшавӣ пешниҳод намоянд. Дар ҳолати мавҷуд набудани имко-нияти пайвастшавӣ бояд дигар имкониятҳои таъмини муҳандисии иншо-от нишон дода шаванд.

19. Ҳангоми дар муҳлати зикршуда аз чониби хадамоти номбурда пешниҳод нагардидани чавоби мусбӣ ва ё манфӣ, шартҳои техникӣ до-дашуда ҳисобида мешаванд. Дар ин ҳолат супоришҳои меъморӣ барои тарҳрезии иншоот тибқи талаботи умумии пешбининамудаи қонунгузории Чумхурии Точикистон дода мешавад ва ҷавобгарӣ барои пешниҳоди шартхои техникӣ барои додани супоришҳои меъморӣ ба ду-ши хадамоти мазкур мебошад.

20. Шартҳои техникӣ аз ҷониби хадамоти муҳандисию техникии дар банди 17 Тартиб нишондодашуда ройгон пешниҳод карда мешаванд.

21. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати 5 рузи корӣ аз лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати дар банди 18 Тартиб пешбинишуда, ба аризадиҳанда супоришҳои меъморӣ ва ё қарори асоснокро дар бораи рад кардани аризаи у бо ҳатман огоҳонидани аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти

5 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ ваколатдор оид ба сохтмон ва меъморӣ диҳад.


22. Супоришҳои меъморӣ барои иншооти тарҳрезишаванда дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхааш ба аризадиҳанда дода мешавад, нус-хаи дуюмаш дар мақомоти маҳаллии меъморӣ мемонад. Супоришҳои меъморӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

Дар супоришҳои меъморӣ пешбинӣ намудани дигар талабот манъ аст.

Мавҷуд набудани имконият барои пайваст шудан ба шабакаҳои муҳандисӣ наметавонад асоси рад намудани ариза барои додани супоришҳои меъморӣ шавад.

23. Дар ҳолати розӣ набудан ба талаботи супоришҳои меъморӣ аризадиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақомоти болоӣ оид ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ё суд муроҷиат намояд.

24. Таҳияи супоришҳои меъморӣ ва шартҳои техникӣ пулакӣ мебо-шад. Ҳаҷми арзиши таҳияи супоришҳои меъморӣ ва шартҳои техникӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ва-колатдор оид ба сохтмон ва меъморӣ дар мувофиқа бо мақомоти вако-латдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад.

Баррасии ариза барои додани супоришҳои меъморӣ ва шартҳои техникӣ, инчунин додани онҳо ройгон аст.

VI. Таҳияи ҳуҷҷати лоиҳавӣ барои сохтмон

25. Таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 41 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» сурат мегирад.

26. Таҳиягарони лоиҳаҳои сохтмонӣ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Чумхурии Точикистон мебошанд, инчу-нин барои қабули қарорҳои лоиҳавӣ ва мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии таҳиягардида ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва техникӣ ҷавобгаранд.

VII. Мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ

27. Хуҷҷати лоиҳавӣ бо назардошти талаботи қонун бо мақсади мутобиқати он ба шартҳо ва талаботи зерин мувофиқа карда мешавад:

6 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

28. Аризадиҳанда ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ари-заи ягонаро тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ пешниҳод менамояд.

29. Ба ариза танҳо ҳуҷҷати лоиҳавии тибқи талаботи қисми 6 Тартиб таҳияшуда замима карда мешавад.

Талаб намудани пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамин банд пешбинӣ накардааст, манъ аст.

30. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза ва ҳуҷҷати лоиҳавиро қабул намуда, дарҳол ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ин ҳуҷҷатҳоро медиҳад.

31. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ уҳдадор аст дар муҳлати 3 рузи корӣ аз рузи ворид шудани ариза мутобиқатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ба талаботи муқарраршуда санҷад ва дар бораи мувофиқ ё номувофиқ будани онҳо қарори (фармоиши) хаттӣ қабул намуда, онро бо тартиби огоҳии хаттӣ ба аризадиҳанда диҳад.

32. Мувофиқаи қисмҳои алоҳидаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ бо мақомоти ва-колатдор ва хадамоти муҳандисию техникӣ барои мутобиқати он бо шартҳо ва талаботи техникие, ки дар марҳилаи аввал ҳангоми додани супоришҳои меъморӣ пешниҳод шуда буданд, талаб карда намешавад.

Барои риоя намудани талаботи зиддисухторӣ, санитарию гигиенӣ, экологӣ ва дигар талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки қонунгузории Чумхурии Точикистон муқаррар намудааст, сармеъмор ва сармуҳандиси лоиҳа ҷавобгар мебошанд.

33. Ҳуҷҷати лоиҳавии мувофиқашуда бо имзои сармеъмор ва гузош-тани муҳри мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳуҷҷати лоиҳавӣ тасдиқ карда мешавад.

34. Асос барои рад намудани мувофиқаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ танҳо номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ ва талаботи супоришҳои меъморӣ, инчунин номувофиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба нақшаи қитъаи замин шуда метавонад.

35. Мувофиқаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба таври ройгон сурат мегирад.

36. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ на дертар аз рузи ди-гари мувофиқаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ариза ва ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшударо якҷоя бо ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳанда ба-рои гузаронидани экспертизаи давлатии дахлдор ба аризадиҳанда барме-гардонад.

7 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

VIII. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ

37. Экспертизаи лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ бо мақсади назорати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо дар раванди таҳияи лоиҳаҳо анҷом дода мешавад.

Баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар натиҷаи гузаронидани эксперти-заи онҳо бояд ба ҳуччатҳои зерин мутобиқат намояд:

38. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бо-шад.

Экспертизаи ҳатмӣ нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ҷустуҷуҳои муҳандисии иншооти зерин гузаронида мешавад:

Дар иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусии фар-моишгар (ҳамчунин маблағҳои ҷалбгардида, маблағгузориҳои сармояи хориҷӣ) бунёд мегардад, ба ғайр аз иншооте, ки хатарнокии потенсиалӣ доранд ва аз ҷиҳати техникӣ мураккабанд, оид ба гузаронидани экспер-тизаи давлатии ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ худи фармоишгар қарор қабул мекунад.

8 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

39. Бо қарори фармоишгар (соҳибмулк) барои лоиҳаҳое, ки номгӯи онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон тасдиқ намудааст, метавонад экспертиза анҷом дода нашавад.

40. Муҳлатҳои анҷом додани ҳар як экспертиза вобаста аз ҳаҷм ва мураккабии иншоот ба таври зерин муайян шуда, набояд аз 20 рузи корӣ зиёд бошанд:

Дар ҳолатҳои алоҳида, ҳангоми баррасӣ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти калонҳаҷм, муҳлати дар зербанди а) ҳамин банд муқарраршуда метавонад бо огоҳии хаттии аризадиҳанда, то 10 рузи корӣ тамдид карда шавад.

41. Аз натиҷаи анҷом додани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, дар доираи муҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 40 Тартиб, оид ба мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи меъёрӣ, тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор оид ба меъморӣ ва сохтмон ху-лоса таҳия ва ба фармоишгар пешниҳод карда мешавад.

42. Хулоса дар хусуси зарурияти таҳрири ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо ни-шон додани норасоиҳои мушаххас ё дар бораи рад намудани тасдиқи қарорҳои лоиҳавию техникии иншооти экспертизашаванда бо нишон до-дани сабаби радкунӣ дар ҳолати мавҷуд будани эъродҳо ва тавсияҳои экспертиза таҳия карда мешавад. Хулоса, дар доираи муҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 40 Тартиб, таҳия ва ба фармоишгар пешниҳод карда мешавад.

Дар ҷараёни гузаронидани экспертиза мақомоти давлатии эксперти-за ҳуқуқ дорад барои бо тартиби корӣ ислоҳ намудани эъродҳо ва хатогиҳои ошкоргардида таҳиякунандаи лоиҳаро ҷалб намояд.

43. Дар ҳолати таҳия намудани хулосае, ки зарурати таҳрири ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро тақозо менамояд, аризадиҳанда вазифадор аст ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро бо назардошти эъродҳо ва пешниҳодҳои дар хулоса дарҷгардида барои гузаронидани экспертизаи такрорӣ пешниҳод намояд.

44. Экспертизаи такрории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки бо мақсади ислоҳ намудани камбудиҳои ошкоргардида таҳрир шудаанд, дар муҳлати 5 ру-зи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани маводҳои дар банди 43 Тартиб пешби-нишуда гузаронида мешавад.

45. Хулосаи мусбии экспертиза аз ҷониби роҳбари мақомоти дахлдо-ри Раёсати экспертизаи давлатӣ имзо шуда, бо муҳри ин мақом тасдиқ карда мешавад ва на дертар аз рузи дигари ба охир расидани муҳлати

9 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

дахлдори дар банди 40 Тартиб нишондодашуда аз ҷониби ҳамин мақомот ба фармоишгар дода мешавад.

Хулосаи экспертизае, ки аз ҷониби эксперти мустақил гузаронида шудааст, бо имзо ва муҳри ҳамин эксперт тасдиқ карда шуда, ба аризадиҳанда дода мешавад.

Эзоҳ: Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои лоиҳаве, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз мувофиқа ва (ё) экспертиза гузашта-анд, аризадиҳанда вазифадор аст ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро такроран барои аз мувофиқа ва (ё) экспертиза гузаштан тибқи Тартиб пешниҳод намояд. Ҳамзамон мавзӯи мувофиқа ва (ё) экспертиза танҳо қисмҳои тағйирдодашудаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мебошанд.

46. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пулакӣ мебошад. Ҳаҷми арзиши экспертиза мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба сохтмон ва меъморӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад.

IX. Додани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ


47. Яке аз шартҳои оғоз намудани иҷрои корҳои сохтмонӣ ин мавҷуд будани иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонӣ мебошад.

Иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» аз ҷониби мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

48. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ уҳдадор аст, ки дар давоми 5 рузи корӣ аз рузи ворид шудани ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 47 Тартиб пешбинишуда, тибқи намунаи тасдиқкардаи мақомоти вако-латдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ ба аризадиҳанда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ иҷозат диҳад.

49. Дар ҳолати ба талаботи қонунгузорӣ номутобиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар давоми 5 рузи корӣ аз рузи ворид шудани ариза уҳдадор аст оид ба надо-дани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ қарори асосноки хаттӣ қабул намуда, нусхаашро ба аризадиҳанда пешниҳод намояд.

Ҳангоми такроран муроҷиат намудани аризадиҳанда баъди ислоҳ намудани камбудиҳо иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар давоми 5

10 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

рузи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

50. Нисбати қарори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба надодани иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонӣ ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.

51. Иҷозат барои сохтмони иншооти муайян ва ба муҳлати давомно-кии сохтмони ҳамин иншоот дода мешавад.

52. Нусхаи иҷозати аз тарафи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ додашуда, инчунин ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, дафтари назорати муаллифӣ, дафтари иҷрои корҳо бояд дар майдончаи сохтмонӣ нигоҳ дошта шаванд ва ҳангоми дар доираи қонун гузаронидани санҷиш бо та-лаби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти назорат ба онҳо пешниҳод гарданд.

53. Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба иншооти сохтмон, дар ҳолати боздоштан ва мавқуф гузоштани сохтмони иншоот, аризадиҳанда уҳдадор аст дар давоми 10 рузи корӣ аз рузи дар ин хусус қабул кардани қарор мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро огоҳ намояд.

54. Дар ҳолати қабул нагардидани қарор дар хусуси додани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ё оид ба рад намудани ариза дар хусуси додани иҷозат дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи бандҳои 48 ва 49 Тартиб, иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ додашуда ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмонӣ уҳдадор аст дар давоми 3 рузи корӣ аз лаҳзаи ба охир расидани муҳлатҳои зикршуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба аризадиҳанда иҷозат диҳад.

55. Иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба таври ройгон дода ме-шавад.

56. Аз ҷараёни сохтмони иншооте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ, техникӣ, муаллифӣ ва дигар намудҳои назорат бурда мешавад.

X. Қабули иншоот барои истифода


57. Иншоот баъди ба охир расидани сохтмонаш, ба истиснои иншо-оте, ки дар банди 6 Тартиб пешбинӣ шудаанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» дар асоси лоиҳаи тасдиқшуда ва хулосаи мусбии комиссияи корӣ аз ҷониби Комиссияи давлатии қабул барои истифода қабул карда мешавад.

Қабули иншооти сохташудаеро, ки банди 6 Тартиб пешбинӣ мена-мояд, мутобиқи моддаи 46 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» соҳибмулк (фармоишгар,

11 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

сармоягузор, иморатсоз) мустақилона анҷом медиҳад.

58. Ҷиҳати омода намудани иншоот барои қабул ва истифода аз ҷониби фармоишгар (иморатсоз) Комиссияи корӣ таъсис дода мешавад, ки он дар муҳлати аз 5 то 10 рузи корӣ, вобаста ба аҳамият ё арзиши со-хтмони иншооти барои истифода қабулшаванда, омодагии иншоотро ба-рои истифода месанҷад ва барои пешниҳод намудан ба Комиссияи давла-тии қабул хулоса пешниҳод менамояд.

59. Барои қабул намудани иншоот барои истифода аризадиҳанда баъд аз санҷиши умумии омодагии иншоот барои истифода ва таҳия шу-дани хулосаи Комиссияи корӣ ба Комиссияи давлатии қабул, ки тибқи банди 10 Тартиб таъин шудааст, аризаро бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ муайян намудааст, пешниҳод менамояд.

Барои саҳеҳии иттилоот дар ҳуҷҷатҳои барои қабули иншоот ба ис-тифода пешниҳодшуда, аризадиҳанда масъул аст ва дар ин хусус дар ари-заи вай қайди дахлдор дарҷ мегардад.

Талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ накарда-аст, манъ аст.

60. Комиссияи давлатии қабул ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 59 Тар-тиб пешбинишударо қабул менамояд ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули аризаашро медиҳад.

61. Комиссияи давлатии қабул дар муҳлати аз 5 то 10 рузи корӣ аз рузи қабули ҳуҷҷатҳо, вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмон, санҷиши умумии омодагии иншоот, озмоиши назоратии таҷҳизоти техникӣ ва сис-темаи муҳандисиро мегузаронад ва тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ оид ба қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода санад тартиб медиҳад.

Санад оиди қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода аз ҷониби аризадиҳанда, муаллифи лоиҳа, пудратчӣ, раис ва аъзои Комис-сияи давлатии қабул имзо карда мешавад.

62. Агар дар мӯҳлати пешбининамудаи банди 61 Тартиб оид ба қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода санад тартиб дода нашавад, қарор мусбӣ қабулгардида ҳисоб меёбад. Бо талаби аризадиҳанда, Комиссияи давлатии қабул ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати се рузи корӣ баъди ба охир расидани мӯҳлати муайяннамудаи банди 61 Тартиб, санади қабули иншоот барои истифода ва маълумотнома ба он-ро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақоме, ки Комиссияи давлатии қабулро таъин намудааст, пешниҳод намояд.

Санади қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода ва маълумотнома ба онро Комиссияи давлатии қабул таҳия карда, дар муҳлати як руз аз лаҳзаи имзо шудани санад барои тасдиқ ба мақоме, ки

12 Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар ҶТ

Комиссияи давлатии қабулро таъин намудааст, пешниҳод менамояд.

63 Санади қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода бо-яд аз рузи имзо шуданаш дар мӯҳлатҳои зерин тасдиқ карда шавад:

Агар дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи ҳамин банд санади қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода тасдиқ карда нашавад, иншоот барои истифода қабулгардида ва санади қабули он тасдиқгардида ҳисобида мешавад.

64. Санади тасдиқгардидаи қабули иншоот барои истифода ҷиҳати истифодаи иншоот ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти тайёри сохтмонӣ асос мебошад.

65. Қабули иншоот барои истифода ба таври ройгон амалӣ карда мешавад.

XI. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Тартиби мазкур

66. Нисбати амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти вако-латдор, инчунин дигар шахсон, ки ба ҷараёни гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ масъул ме-бошанд, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти болоии меъморӣ ва сохтмон, инчунин ба суд шикоят кардан мумкин аст.

67. Шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор, инчунин дигар шах-соне, ки ба ҷараёни гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ масъуланд, барои риоя накардани мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Тартиб, инчунин барои қабул намудани қарори беасос дар хусуси надодани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

68. Шахсони масъули хадамоти муҳандисию техникӣ барои беасос пешкаш накардани хизматҳое, ки онҳо мерасонанд, инчунин барои расо-нидани зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо роҳи беасос ба-ланд намудани арзиш (таруфа) – и хизматҳои расонидаашон, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

69. Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон намудани меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиб, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани онҳо мегардад.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво