Номгӯи санадҳои меъёрӣ ва намунаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба сохтмон ва меъморӣ, ки таҳия ва тасдиқ карда мешаванд

Замимаи 2
ба Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «6» майи соли 2009 №282


Номгӯи
санадҳои меъёрӣ ва намунаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба сохтмон ва меъморӣ, ки таҳия ва тасдиқ карда мешаванд


- ариза барои таҳияи супоришҳои меъморию нақшавӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) иншоот;

- тасдиқнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он барои гирифтани супоришҳои меъморию нақшавӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) иншоот;

- супоришҳои меъморию нақшавӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) иншоот;

- Огоҳинома оид ба рад намудани хоҳиши аризадиҳанда дар хусуси ба вай додани Супоришҳои меъморию нақшавӣ ва шартҳои муҳандисию техникӣ;

- ариза барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозат барои сохтмон;

- тасдиқнома оид ба қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозат барои сохтмон;

- хулоса оид ба мувофиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи меъёрӣ;

- иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонию васлгарӣ;

- ариза оид ба қабули иншооти сохташуда барои истифода;

- тасдиқнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он оид ба қабули иншооти сохташуда барои истифода; - санади қабули иншооти сохташуда барои истифода.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво