Қарори Ҳукумати ҶТ « Дар бораи чораҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон»

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Аз 11 июни соли 2009 №338 ш. Душанбе

Дар бораи чораҳои такмил додани санадҳои меъёрии
ҳуқуқии соҳаи сохтмон


Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 «Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон », Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон :

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор Ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои Нақшаи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон гуруҳи корӣ таъсис диҳад;

- якҶоя бо вазорату идораҳои дахлдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмонро дар муҳлатҳои муқарраргардида таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии дохилиидоравии худ тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда, барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво