ҚАРОР - ПОСТАНОВЛЕНИЕ «Дар бораи фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2010 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли равон»

ҚАРОР - ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Дар бораи фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои
системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2010 ва вазифаҳо
барои ҷамъбасти соли равон


Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсату шӯъбаҳо, ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нӯҳ моҳи соли 2010 муҳокима намуда қайд мекунад, ки дар давраи ҳисоботӣ раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентӣ оид ба ҳалли супоришҳои мушаххас, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Бо назардошти корҳои иҷрошуда ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР МЕКУНАД:


3.1. Ташкилотҳое, ки лоиҳаашон барои коркард баргардонида мешаванд, барои минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳои ҷиддӣ таъкид карда шаванд.

4.3. Бахши санҷишии Хадамот то охири сол ҳар моҳ рӯзи дарсҳои омӯзишӣ бо иштироки намояндагони масъули ташкилотҳои сохтмонӣ ташкил намуда, назорати сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ташкилотҳои мазкур, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, изфонависӣ зери назорати қатъӣ қарор қарор дода шавад.

5.1. Диққати Хадамот ба он нигаронида шавад, ки бисёр аз ташкилотҳои лоиҳакашӣ аз ҳисоби кормандони шартномавӣ асос ёфтаанд, ки ин омил барои таъмини кадрҳои ҷавон бо ҷойи корӣ халалдор мегардад.

7.2. Назорати таҳияи Нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони Раёсат ҳисобида шавад.

8. Ба сармеъморони шаҳрҳои Истаравшан ва Ваҳдат супориш дода шавад, ки оиди дуруст ба роҳ мондани фаъолият ва бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи ислоҳи камбудиҳо ахборот пешниҳод созанд.

8.1. Ба сармеъморони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ супориш дода шавад, ки барои бартараф кардани монеаҳои мавҷудаи сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати аз байн бурдани сохтмонҳои худсарона дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҷӯӣ намоянд. Аз натиҷаи иҷро ахборот пешниҳод карда шавад.

9. Ба Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмон, Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» супориш дода шавад, ки дар се моҳаи чоруми соли ҷорӣ лоиҳаи «Кодекси шаҳрсозӣ»-ро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

10. Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи Агентӣ вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти кории худро тибқи талаботи низомномаҳои тасдиқкарда ба роҳ монда, баҳри дар амал татбиқ кардани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ чораҳои мушаххас андешанд.

11. Сардорони раёсату шӯъбаҳо, ва ташкилотҳои системаи Агентӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Агентӣ, пурзӯр намудани назорати иҷрои корҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати мактубҳои содиротӣ ва интизоми меҳнати кормандон чораҳои зарурӣ андешанд.

12. Назорат оид ба иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввал ва муовинони Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара
А. Комилов
Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво