ҚАРОР - ПОСТАНОВЛЕНИЕ «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2010 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон»

ҚАРОР - ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2010 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон


Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсату шӯъбаҳо, ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар нимсолаи аввали соли 2010 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда қайд мекунад, ки дар давраи ҳисоботӣ раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентӣ оид ба ҳалли супоришҳои мушаххас, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Бо назардошти корҳои иҷрошуда ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР МЕКУНАД:


1.9. Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дахлдор, ки аз Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

2.1. Ҷиҳати ҳар семоҳа бо ҷойи корӣ таъмин кардани на кам аз 5 нафар кадрҳои ҷавон чораҷӯӣ намоянд.

2.2. Диққати директори ҶСШК «Гипропром» Зуҳуритдинов С.А. ба беҳтар намудани нишондодҳои иқтисодии корхона ва зиёд намудани шумораи коргарон нигаронида шуда, аз натиҷаи иҷрои корҳо то семоҳаи сеюми соли равон ахбороти хаттӣ пешниҳод намояд.

3.1. Дар ташхиси лоиҳаҳои манзили истиқоматӣ бо назардошти талаботҳои миллӣ ҳуҷраю ошхонаҳои масоҳаташ калон, утоқҳои гигиении васеъ талаб карда шавад.

3.2. Ба сифати харҷномаҳо, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, диққати ҷиддӣ дода шавад.

3.3. Ташкилотҳое, ки лоиҳаашон барои коркард баргардонида мешаванд, барои минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳои ҷиддӣ огоҳонида шаванд.

5.1. Фаъолияти корхонаи лоиҳакашии Институти сейсмология ва зилзиласанҷӣ, бахусус сифати таҳияи лоиҳаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷааш дар муддати як моҳ ба Агентӣ гузориш пешниҳод карда шавад.

5.2. Назорати фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ дар миқёси ҳар як шаҳру ноҳия дуруст ба роҳ монда шуда, рӯйхати коргарони доимӣ ва шартномавии ташкилот пешниҳод карда шавад.

7.1. Мувофиқи банди 7-и Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2009 сол № 127 тасдиқ шудааст, номгӯи воҳидҳое, ки ба сохтори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дохил мешаванд дар доираи нақшаи идоравӣ ва шумораи штатҳо муқаррар намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

7.2. Иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 386 аз 2 июни соли 2009 «Дар бораи Барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ-200 рӯзи ислоҳот» зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, талаботи гирифтани шартҳои техникӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ягонаи пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ» амалӣ гардонида шавад.

7.3. Назорати иҷрои Нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони Раёсат ҳисобида шавад.

8. Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи Агентӣ вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти кории худро тибқи талаботи низомномаҳои тасдиқкарда ба роҳ монда, баҳри ба амал татбиқ кардани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ чораҳои мушаххас андешанд.

9. Сардорони раёсату шӯъбаҳо, хадамотҳо ва корхонаҳои зерсохтори Агентӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Агентӣ, пурзӯр намудани назорати иҷрои корҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати мактубҳои содиротӣ ва интизоми меҳнати кормандони сохтори Агентӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

10. Назорат оид ба иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввал ва муовинони Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара
А. Комилов

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво