ҚАРОР – ПОСТАНОВЛЕНИЕ «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли 2010 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли равон»

ҚАРОР - ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо
ва ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали
соли 2010 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли равон


Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти раёсату шӯъбаҳо, ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семоҳаи аввали соли 2010 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли равонро муҳокима намуда қайд мекунад, ки дар давраи ҳисоботӣ раёсату шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентӣ ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 баён гардидаанд, оид ба иҷрои саривақтии супоришҳои додашуда корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Бо назардошти корҳои иҷрошуда ва таклифу пешниҳодоти баёншуда ҳайати мушовараи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР МЕКУНАД:


1.2. Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми Тоҷикистон ҷиҳати харидории саҳмияҳои НБО «Роғун» дар таъмини амнияти энергетикии ҷумҳурӣ амалӣ намоянд.

1.11. Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дахлдор, ки аз Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

1.12.Татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра ба роҳ монда шавад.

- Ҷиҳати ҳар семоҳа бо ҷойи корӣ таъмин кардани на кам аз 5 нафар кадрҳои ҷавон чораҷӯӣ карда шавад.

2.1. Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» Фозилов А.Р. вазифадор карда шавад, ки иҷрои корҳои лоиҳакаширо дар пажӯҳишгоҳ ба таври лозимӣ ба роҳ монда, назоратро пурзӯр намояд ва аз натиҷаи иҷрои корҳо дар ҷамъбасти нимсолаи аввал ахбороти муфассал пешниҳод созад.

2.2. Ба Директорони ҶСШК «Гипрострой» Ишонов Б.М. ва ҶСШК «Гипропром» Зуҳуриддинов С.А. ҷиҳати иҷро накардани банди 1.12.-и қарори ҳайати мушовара №23 аз 14.01.2010 сол сарзаниш эълон карда шавад.

4.4. Якҷоя бо Бозрасии давлатии назорати сохтмон ва меъмории шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иншоотҳои сохташавандаро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш то нимсолаи аввали соли ҷорӣ ахборот пешниҳод карда шавад.

5.1. Фаъолияти корхонаҳои иҷозатномадор дар қаламрави ҷумҳурӣ дар миқёси ҳар як шаҳру ноҳия мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷааш то нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Агентӣ гузориши муффасал пешниҳод карда шавад.

7.2. Ба Шӯрои шаҳрсозӣ маводҳои пурра аз рӯи талаботи меъёрҳо пешниҳод намуда, минбаъд сохтмони иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта бе хулосаи Шӯрои шаҳрсозии Агентӣ иҷозат дода нашавад.

7.3. Назорати иҷрои Нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

7.4. Дар натиҷаи иҷро нагардидани супоришҳои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба сармеъмори ноҳияи Варзоб Аминов Ш. сарзаниш эълон карда шавад.

8. Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ вазифадор карда шавад, ки фаъолияти Корхонаи навтаъсиси КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-ро зери назорат қарор дода, тартиби системаи нархгузории сохтмонро ба танзим дарорад.

8.1. Дар якҷоягӣ бо КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» Консепсияи энергиясамаранокии сектори манзилиро бо назардошти таклифу пешниҳоди Шӯрои илмӣ-техникӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

8.2. Якҷоя бо гурӯҳи корӣ ҷиҳати дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин пешниҳод намудани Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ намояд.

9. Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи Агентӣ вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти кории худро тибқи талаботи низомномаҳои тасдиқкарда ба роҳ монда, баҳри ба амал татбиқ кардани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ чораҳои мушаххас андешанд.

10. Сардорони раёсату шӯъбаҳо, хадамотҳо ва корхонаҳои зерсохтори Агентӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Агентӣ, пурзӯр намудани назорати иҷрои корҳо, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, беҳтар намудани сатҳу сифати мактубҳои содиротӣ ва интизоми меҳнати кормандони тобеъ чораҳои зарурӣ андешанд.

11.Назорат оид ба иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввал ва муовинони Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара
А. Комилов

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво