ҚАРОР – ПОСТАНОВЛЕНИЕ «Дар бораи амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 бармеоянд»

ҚАРОР - ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Дар бораи амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 бармеоянд


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи сиёсати дурандешона ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо назардошти он ҳадафҳои воло ва вазифаҳои бузурги гузошташуда ҳайати мушовараи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:

1.Маърӯзаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 бармеоянд ва ба соҳаи сохтмону меъморӣ алоқаманданд» ба инобат гирифта, мавриди иҷро қарор дода шавад.

2.Роҳбарони ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои сохтмонӣ ва саноати масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият барои иҷрои вазифаҳои зерин вазифадор карда шаванд:

2.1. Равона намудани сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кормандон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри тарбияи насли солиму бомаърифат;

2.2. Гузоштани саҳми арзанда ба хотири ҳарчи зудтар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун;

2.3. Андешидани чораҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ, таъмир, хариди таҷҳизоту нақлиёт, сафарҳои хизматӣ, чорабиниҳое, ки дар шароити кунунӣ афзалият надоранд, исрофкорӣ ва дигар намуди хароҷот;

2.4. Назорати қатъии иҷрои корҳо, сифати онҳо, сифати масолеҳи сохтмон

2.5. Қатъиян ба назар гирифтани насби лампаҳои каммасраф, технологияҳои каммасрафи барқӣ, ноқилҳо, зеристгоҳҳои барқӣ ва дигар намуди асбобҳои барқии каммасраф ҳангоми таҳияи ҳама гуна лоиҳаҳо;

2.6. Иҷрои нақшаҳои андоз аз буҷет, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва қонуншиканиҳо дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Агентӣ.

2.7. Ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳарчи зиёди бекорон;

2.8. Таъмин намудани пардохти саривақтии тамоми намудҳои андоз ва фондҳои иҷтимоӣ;

2.9. Ҷорӣ кардани технологияҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир;

2.10. Таҳкими мавқеъ ва густариши забони давлатӣ дар коргузорӣ;

2.11. Баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳисси ватанпарастӣ бо истифода аз нерӯи зеҳнии кишвар;

2.12. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе – ташкил намудани рӯзи қабули шаҳрвандон ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдошта;

3. Иҷрои саривақтии супоришҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Истифода бурдани меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматчии давлатӣ» ва риоя намудани Кодекси «Одоби хизматчии давлатӣ»

5. Андешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи коллективҳои меҳнатии соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ баҳри таҳкими ҳаёти босуботи ҷомеаи Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, бо ҳисси бузурги масъулият дар амалӣ гардонидани Паёми Президенти кишвар.

6. Аз натиҷаи иҷрои қарори мазкур ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон охири ҳар семоҳа ахбороти мушаххас пешниҳод карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара
А. Комилов

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво