ҚАРОР 14 январи соли 2016 №104 ш. Душанбе

ҚАРОР

14 январи соли 2016 №104 ш. Душанбе

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсат, шӯъба, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016

Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсат, шӯъба ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар соли 2015 муҳокима намуда қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд.
Бо дарназардошти корҳои иҷрошуда ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:

1. Ҳисоботи раёсат, шӯъба ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба инобат гирифта шавад.
2. Сардорони раёсат, шӯъба ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо баҳри амалгардонидани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Сардорони раёсатҳои шаҳрсозӣ ва барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” чораҳои муассир андешанд.
4. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х.,Умаров У.Х., Султонзода М.С.) ва дигар ташкилотҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликияташон зарур аст, ки сифати корҳои лоиҳакаширо баланд бардошта, лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосирро бо истифода аз унсурҳои меъмории хоси миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии меъморӣ роҳандозӣ намуда, таҳия намоянд.
4.1. Минбаъд ҳангоми лоиҳакашии бинову иншоот ба истифодаи маҳсулот, таҷҳизот ва мебели ватанӣ, махсусан алюминийи маҳаллӣ афзалият дода шавад.
5. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Ҳакимзода А.А.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Давлатов А.) вазифадор карда шаванд, ки назорати риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда ба сифати харҷномаҳои лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешаванд, диққати ҷиддӣ диҳанд.
5.1. Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Кумита вобаста ба масъалаи беҳтар намудани фаъолияти Раёсати экспертиза ва КВД “Ташхисгар” ва дарёфти роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд.
5.2. Сари вақт аз ташхис гузаронидани лоиҳаҳои НБО “Роғун”-ро бо мақсади ба истифода супоридани ду агрегати нерӯгоҳ дар навбати якум, таъмин намоянд.
6. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Таваров Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони иншоотҳо зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои банди 23 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №69 сохтмони иншоотҳои аз рӯи лоиҳаи нопурра, бе хулосаи ташхисӣ ва иҷозатнома ҷараёндоштаро боздошта, барои бо сифати баланд иҷро гардидани корҳои сохтмонӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ дар асоси риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ чораҷӯӣ намояд.
6.1. Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 “Дар бораи тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо” таҳти назорат гирифта, дар кори комиссияҳои давлатӣ талаботи қарори мазкурро иҷро намояд.
6.2. Санҷиши сифати корҳои сохтмониро дар иншоотҳои НБО “Роғун” пурзӯр намуда, оид ба камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешад.
6.3. Оид ба рафти сохтмони иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ дошта, инчунин иншоотҳои таъиноти дигар ҳар моҳ ба Кумита ахборот пешниҳод намояд.
6.4. Барои то семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кор даровардани озмоишгоҳи Хадамот чораҳои зарурӣ андешад.
6.5. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандон бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон мунтазам семинарҳо гузаронида шавад.
6.6. Якҷоя бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз натиҷаи санҷиши иншоотҳои шаҳри Душанбе мунтазам ба Раиси Кумита ахборот пешниҳод карда шавад.
7. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликияташон, иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои навин ва дар мӯҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ намоянд.
7.1. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи савияи донишу малакаи тахассусӣ аз ҳисоби кормандони муҳандисӣ-техникии ташкилотҳои пудратӣ дар курсҳои такмили ихтисоси назди КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Сохтмон ва меъморӣ” кадрҳои ҷавонро ҷалб ва тарбия намоянд.
8. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад, ки фаъолияти худро дар ташкили назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар карда, оид ба сари вақт тамдид кардани иҷозатномаҳои мӯҳлаташон гузашта чораҳои зарурӣ андешад.
8.1. Ҳангоми гирифтан ва тамдид кардани мӯҳлати иҷозатнома, аз иҷозатномагирандагон шумораи кормандони аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидашуда талаб карда шавад.
8.2. Нисбати ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй нест ва беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, дар асоси маълумотномаи пешниҳодкардаи Раёсати экспертиза чораҷӯӣ намояд.
9. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Раёсати экспертизаи давлатӣ, Раёсати шаҳрсозӣ, Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ ва Хадамоти иҷозатномадиҳӣ, дар якҷоягӣ бо сармеъморони шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои назоратӣ аз ҳисоби кормандони масъул гурӯҳи корӣ фаврӣ таъсис дода, санҷишҳои муштарак гузаронида шавад ва аз натиҷаи санҷишҳо ҳар моҳ ба Раиси Кумита ахборот пешниҳод намоянд.
10. Муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Н.Ғ., иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСК “Шаҳрофар” Ишанов Б.М., сармеъмори ҶСК “Саноатсоз” Зуҳуритдинов С.А., директори ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” Хокиев М.К. вазифадор карда шаванд, ки барои тезонидани корҳои лоиҳакашии бинои нави Парлумон ва маҷмӯии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, корро дар ин самт пурзӯр намоянд.
11. Муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Н.Ғ., сардори раёсати шаҳрсозӣ Аминов Ш.Х. ва сардори шуъбаи ҳуқуқ Нуралиев Ш.Ш. ӯҳдадор мегарданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи январи соли ҷорӣ пешниҳод намоянд.
12. Муовини Раиси Кумита Мирзозода Н.Ю., сардори раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ Самизода Ҳ. ҷиҳати то моҳи апрели соли 2016 ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” ҳамаи чораҳоро андешида, барои оғоз ва суръат бахшидани корҳои ороишӣ дар иншоот чораҷӯӣ намоянд.
13. Муовини Раиси Кумита Мирзозода Н.Ю., сардори раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ Негматов Т.О., директори КВД ПИТ “Сохтмон ва меъморӣ” Умаров У.Х., директори КВД “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” Каримов А.Р. лоиҳаи Низомномаи омодасозии шартномаи пудратӣ барои фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботҳои миллӣ, байналхалқӣ ва инчунин шарту услуби ФИДИК-ро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барои пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намоянд.
14. Муовини Раиси Кумита Окимбекова З.Ф., сардори Раёсати экпертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Ҳакимзода А.А., сардори раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ Негматов Т.О., директори КВД ПИТ “Сохтмон ва меъморӣ” Умаров У.Х. вазифадор карда шаванд, ки ҳамкориро бо Ҷамъияти маъюбони Тоҷикистон пурзӯр намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқ гардидани шахсони аз нигоҳи ҷисмонӣ заиф ва дорои имконоти маҳдуди ҳаракат чораҳои зарурӣ андешида, инчунин ҳангоми аз ташхис гузаронидани лоиҳаҳои иншоотҳо талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санаду меъёрҳои амалкунанда оид ба дастрасии маъюбон ва шахсони маҳдудҳаракат, инчунин шахсони шунавоияшон паст ба инобат гирифта шавад.
15. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд:

- дар асоси талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералӣ, лоиҳаи биною иншоотҳо ва ҷобаҷогузории биноҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ва идораҳои дахлдори ноҳияҳо бо тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд;
- дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, фаъолияти худро нисбати назорати сохтмони бино ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд;
- маълумотро оиди додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ мунтазам манзур намоянд.
- маълумотномаро оид ба натиҷагирии фаъолияти корӣ ҳар семоҳа ба Раёсати шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд. Мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз натиҷаи ҷамъбасти соли 2015 ҳисобот пешниҳод накарданд, дар муддати 5 рӯз камбудиро ислоҳ намуда, минбаъд пешниҳоди ҳисоботҳоро тариқи электронӣ ба роҳ монанд.
- ҷиҳати обунашавӣ ба «Рӯзномаи бинокорон» ва Маҷаллаи “Меъморӣ” то санаи 31 январи соли ҷорӣ тибқи нақшаи муайяншуда тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи он ахборот пешниҳод карда шавад.
16. Муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Н.Ғ., сардори раёсати шаҳрсозӣ Аминов Ш.Х., мудири бахши кадрҳо Юсупов Б.С. барои ба таври нопурра ва ё пешниҳод накардани ҳисоботҳои ҷамъбастии солона то мӯҳлати муқарраргардида ба сармеъморони шаҳру ноҳияҳои Роғун,


Шаҳринав, Тоҷикобод, Ховалинг, Шӯрообод ва Хуросон муҷозоти интизомӣ татбиқ намоянд.
17. Муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Н.Ғ., сардори раёсати шаҳрсозӣ Аминов Ш.Х. ҷиҳати таъсис додани гурӯҳи корӣ ва гузаронидани санҷиши татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
18. Корхонаҳои фаръии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Лоиҳакаш” вазифадор карда мешаванд, ки барои бо сифати баланд таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
19. КВД “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” ( Каримов А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳҳо чораҷӯиҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ чораҳои зарурӣ андешад.
19.1. Барои дар системаи нархгузории соҳаи сохтмон ворид намудани таҷрибаи давлатҳои Белоруссия ва Қазоқистон чораҳои зарурӣ андешида шавад.
19.2. Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ то санаи 5-уми аввали моҳи ҳар семоҳа чоп карда шавад.
20. Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) тадқиқотро дар самти энергиясамаранокии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки хонаи истиқоматӣ, бинои маъмурӣ ва мактаби таҳсилоти умумиро таҳия намояд.
20.1. Барои ташкил ва ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои кормандони муҳандисӣ-техникии ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ барномаи таълимӣ омода ва пешниҳод карда шавад.
20.2. Масъалаи ба кор даровардани озмоишгоҳи корхонаро то семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаллу фасл намояд.
21. Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита:
- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён шудаанд, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ барои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумита тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- ҳисоботҳои фаъолияти ҳар семоҳаро пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи пешравиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта манзур намоянд.
22. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара Ҷ.Аҳмадзода
Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво