18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҚАРОР 14 апрели соли 2016 №106 ш. Душанбе

1757
Дар бораи татбиқи иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Нуробод, Файзобод, Сангвор, Лахш дар семоҳаи якуми соли 2016


Бо мақсади иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба соҳа таалуқдошта ва дастуру супоришҳои қарори ҳайати мушовараи Кумита аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун ноҳияҳои, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Нуробод, Файзобод, Сангвор, Лахш дар семоҳаи аввали соли 2016 корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, аммо дар фаъолияти мақомотҳои мазкур камбудиву норасогиҳо низ ҷой доранд.
Бояд таъкид намуд, ки роҳбарон ва кормандони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии зикргардида моҳияти талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 2 августи соли 2011, №751 ва санаду меъёрҳои соҳаро то ҳанӯз азхуд накарда, баррасии мактуб ва аризаҳо, додани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ ва супоришҳои меъмориву банақшагириро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷро наменамоянд.
Қайд карда шуд, ки аз бефаъолиятии сармеъморҳои шаҳрҳои Турсунзода (Нозимов Ҳ.), Ваҳдат (Акобиров Р.), Ҳисор (Солеҳова Ҳ.), Роғун (Толибов Ф.) ва ноҳияҳои Рӯдакӣ (Мулоҷонов Н.), Варзоб (Қурбонов И.), Шаҳринав (Юсупов Н.), Файзобод (Кенҷаев А.), Сангвор (собиқ Тавилдара) (Раҷабов Ҳ.), ва Лахш (собиқ Ҷиргатол) (Назиров Б.) назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ташкили нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бо дарназардошти корҳои иҷрошуда, камбудиву норасогиҳо ва таклифу пешниҳодҳои баёншуда, ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор мекунад:

1. Гузориши Аминов Ш.Х. оиди ҷарраёни иҷрои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеъӣ Ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шавад.
2. Фаъолияти роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳои Турсунзода (Нозимов Ҳ.), Ваҳдат (Акобиров Р.), Ҳисор (Солеҳова Ҳ.), Роғун (Толибов Ф.), ноҳияҳои Рӯдакӣ (Мулоҷонов Н.), Варзоб (Қурбонов И.), Шаҳринав (Юсупов Н.), Файзобод (Кенҷаев А.), Сангвор (Раҷабов Ҳ.), ва Лахш (Назиров Б.) дар татбиқ ва амалӣ намудани талаботҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ бинобар сабаби мавҷуд будани камбудӣ ва норасоиҳо нокифоя ҳисобида шавад.

3. Ба мудирони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳои Турсунзода (Нозимов Ҳ.), Ваҳдат (Акобиров Р.), Рӯдакӣ (Мулаҷанов Н.), ва Шаҳринав (Юсупов Н.) барои роҳ додан ба камбудӣ ва норасоиҳо, зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар фаъолияти корӣ, ба таври дахлдор иҷро накардани вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ, сарзаниш, инчунин ба мудирони шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор (Солеҳова Ҳ.), Роғун (Толибов Ф.), Варзоб (Қурбонов И.), Файзобод (Кенҷаев А.), Сангвор (Раҷабов Ҳ.), ва Лахш (Назиров Б.) огоҳи эълон карда шавад. Дар ҳолати бартараф накардани камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта дар мӯҳлати се моҳ барои аз вазифаи ишғолнамудаашон озод кардан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод ирсол карда мешавад.
4. Мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳои Турсунзода (Нозимов Ҳ.), Ваҳдат (Акобиров Р.), Ҳисор (Солеҳова Ҳ.), Роғун (Толибов Ф.), ноҳияҳои Рӯдакӣ (Мулоҷонов Н.), Варзоб (Қурбонов И.), Шаҳринав (Юсупов Н.), Файзобод (Кенҷаев А.), Сангвор (Раҷабов Ҳ.), ва Лахш (Назиров Б.) вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Кумита (Таваров Р.Ҳ.) оиди аз байн бурдани сохтмонҳои худсарона ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин амалҳо чораҳои мушаххас андешида ба Кумита мунтазам ахборот пешниҳод намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Н.Ғ. вогузор карда шавад..


Раиси ҳайати мушовара Ҷ.Аҳмадзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво