КУМИТАИ МЕЪМОРИ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР 20 октябри соли 2015 №103 ш.Душанбе

КУМИТАИ МЕЪМОРИ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

20 октябри соли 2015 №103 ш.Душанбе

Дар бораи ҳолати омодагии дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи мавсими тирамоҳу зимистонисолҳои 2015 – 2016

Ахборотро оиди рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, №261 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» дар Кумита муҳокима намуда, ҳайати мушовара

қарор мекунад:

1. Ахбороти Хайруллоев Н. - сардори шуъбаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва амалигардонии Кумита доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, №261 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.
2. Роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 пурра таъмин намоянд;
- аз натиҷаи иҷро ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт то 2 – ноябри соли 2015 ба Раиси Кумита ахборот пешниҳод намоянд.

3. Назорат оиди иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Окимбекова З.Ф. вогузор карда шавад.


Раиси
ҳайати мушовара Ҷ. Аҳмадзода

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво