Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб


17-03-2016, 13:01.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот байни ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Аморот маросими имзои санадҳо баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносиботи кишварҳо аз 12 санади муҳим иборат буд ва имрӯз маҷмӯи нави ҳуҷҷатҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла илму маориф, варзишу саёҳат, амният ва дин ба имзо расиданд:
Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм;
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон;
Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб;
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ.
Пас аз анҷоми музокирот ва имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ноиби президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазир, вазири мудофиаи Аморот, Ҳокими аморати Дубай шайх Муҳаммад ибни Рошид оли Мактум оид ба густариши ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб қабул гардид.

Вернуться назад