Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин


3-01-2019, 18:06.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки муҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар одамон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷиа тасаллияти амиқи худро ба тамоми мардуми дӯсти Россия иброз дошта, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед».


Вернуться назад