Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин


5-10-2018, 17:00.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар суҳбати телефонӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфтанд.

Ҷонибҳо дар идомаи суҳбати самимии телефонӣ доир ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, омодагиву ҳавасмандии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо таъкид доштанд.


Вернуться назад