Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > ДУШАНБЕ ВА АШҚОБОД АҲДИ БАРОДАРӢ БАСТАНД. Санади дахлдор дар ин бора ан ҷониби раисони ду шаҳр имрӯз ба имзо расид

ДУШАНБЕ ВА АШҚОБОД АҲДИ БАРОДАРӢ БАСТАНД. Санади дахлдор дар ин бора ан ҷониби раисони ду шаҳр имрӯз ба имзо расид


2-11-2017, 16:54.
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод яке аз 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон аст, ки имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкурро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.

Хотиррасон мекунем, ки дар айни замон Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳр дар давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.
Байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Лусакаи Замбия (соли 1989), Санъои Ҷумҳурии Яман (соли 1988), Монастири Тунис ( соли 1967), Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон (соли 1976) Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия (соли 1989), шаҳри Боулдери ИМА ( соли 1987) Ройтлингени Олмон (соли 1991), Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (соли 1991), Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1995) ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1992) Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст.
Бо шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия соли 1991 ва бо шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус соли 1998 Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии Душанбе баста шудааст.
Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 1999 ва соли 2003 Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расидааст.

Соли 2013 Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидаанд.


Вернуться назад