25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

6974
Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва дигар самтҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро қонунҳои конститутсионӣ муайян мекунанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ин тағйиру иловаҳо бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро дар таҳрири нав қабул карда, 8 ноябри соли 2016 онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
Қонуни мазкур аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.
Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонуни конститутсионӣ ба хотири арҷгузори ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватан таъсиси ордени «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» пешбинӣ гардидааст, ки бо онҳо шаҳрвандон барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзандаашон дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин мувофиқи моддаи 13 Қонуни мазкур осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин Қонуни мазкур паҳлӯҳои дигари ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллатро танзим менамояд.
Қабули чунин як Қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат аст.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босамар амалӣ намудани салоҳиятҳои Конститутсионии худ қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво