28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои Корпоратсияи “Баракат” дар ноҳияи Ҳисор

3502
Рӯзи 22-юми сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва овозадори Корпоратсияи Баракат аз наздик шинос шуд.

Хоҷагии номбурда серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст.

Тавре иттилоъ доданд, танҳо аз ҳамин хоҷагӣ ба хориҷ рӯзҳои охир беш аз 5000 тонна ангур содирот шудааст. Айни ҳол дар заминҳои хоҷагӣ ҳосил фаровон аст.
Дар ин хоҷагӣ 8 намуд ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои Корпоратсияи “Баракат” дар ноҳияи Ҳисор

Дар ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуд. Дарахтони сербори себ аз фаровонии ҳосили ин навъи мевагӣ дар хоҷагӣ дарак медиҳад. Президенти мамлакат ба фаъолияти боғдорон, ки ҳамзамон ба хушк кардани себ машғул буданд, баҳои баланд дода, ба онҳо барори кор ва файзу баракат таманно кард.

Дар қитъаи дигари заминҳои хоҷагӣ ба Сарвари давлат яке аз навъҳои беҳтарини ангури ҳусайнӣ пешкаш карда шуд.

Ин навъи ангур дар майдони қариб 4 гектар доман паҳн кардааст ва аз рӯи гуфти боғбон онҳо аз ҳар як гектар замин 50 тонна ҳосил гирифтанианд.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои Корпоратсияи “Баракат” дар ноҳияи Ҳисор

Президенти мамлакат ба боғдорони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ низ барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд дод ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид дода, барои фаъолияти пурсамар ва бо кор таъмин кардани садҳо нафар сокинони ноҳия ба роҳбарияти хочагӣ изҳори сипос намуда, ин иқдоми онҳоро намунаи ибрат номид.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти меҳнаткашони Корпоратсияи “Баракат” сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба охир расид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво