29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд

939
— Рӯзи 17 март дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф ал Сувейдиро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморот дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.
“Мо аз оғози истиқлол ба эҳё ва густариши равобиту ҳамкории васеъ бо кишварҳои араб, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷумлаи пешсафони онҳост, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем” таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот пеш аз ҳама оид ба дарёфти роҳҳои наву афзалиятноки таҳкиму тавсеи муносибатҳо, имконоти рушду густариши ҳамкорӣ, истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, иштироки Фонди Абу Забӣ оид ба рушд дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дорои дурнамои судовар табодули андеша карданд.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар доираи сиёсати дарҳои боз тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқиро бо афзалиятҳо фароҳам овардааст. Ин имкон медиҳад, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои молиявию кумакрасони Аморот ҳар чи бештар бо сармояи хеш дар амалӣ кардани барномаҳо ва баҳрабардорӣ аз татбиқи онҳо иштироки фаъол дошта бошанд.
Таъкид гардид, ки айни дар Тоҷикистон 14 корхонаи муштарак бо Аморот ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми гардиши мол бо дарназардошти тамоми имкону захираҳо ба талаботи рӯз ҷавобгу нест. Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки ба хотири густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ як силсила иқдомҳои ҳадафманд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ анҷом дода шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин оид ба як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот, ки барои кишварҳо манфиатбахш аст гуфтугӯй сурат гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво