29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкулов мулоқот намуданд

411
18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония» Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариши муносибатҳои шарикӣ бо Қазоқистон ҳавасмандем ва мулоқоти имрӯза дар доираи Муколама имкони дигари муҳокимаи самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо робитаҳои судманд дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амният ва мушкилоти глобалӣ дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, муҳокима гардиданд ва ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво