Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд
501
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Украина қабул фармоед. Ба Шумо сиҳатии бардавому пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти кишвари Шумо саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам. Мардумони Тоҷикистону Украинаро анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳои моро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд. Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем. Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори итминон менамоям, ки бо талошҳои муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардумони мо густаришу таҳким хоҳанд ёфт».
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |