29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таъиноти кадрӣ

659
Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода — директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод шуда, ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Нурулло Ғаффор — директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъин гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул таъингардидаро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

“Тавре бояд заҳмату фаъолият намоем, ки барои пурра решакан кардани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар самтҳои хариду фурӯши замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро натиҷаи дилхоҳ дода, шумо дар ҷомеа намунаи ибрат бошед,” – таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво