18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштирок ва суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд”

946
Рӯзи 12 декабр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” иштирок ва суханронӣ кард.

Қабл аз оғози кори конфронс Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо дар маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Бетарафии Туркманистон иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони гиромидошти анъанаҳои неки равобити байни мардумони Тоҷикистону Туркманистон дар назди муҷассама гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанги кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.

Ҷаласаи умумии Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” дар бинои Палатаи савдо ва саноати Туркманистон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳову ҳайатҳоро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.

Пас аз пазироии меҳмонони олимақом дар ҳамин ҷо маросими аксбардории умумии иштирокчиёни конфронс доир гардид.

Кори конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ифтитоҳ намуда, ҳамаи иштирокчиён, Сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳоро барои ташриф ба Туркманистон хайрамақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронс суханронӣ кард.

Зимни баромади хеш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрӯзаи кишвари дӯст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти байналмилалии бетарафӣ андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки қисмҳои таркибии он, аз ҷумла омодагӣ ба шарикии ҳамаҷониба, қабул доштани таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони минтақавӣ пуштибонии қавӣ пайдо карданд, ки тасдиқ шудани қарори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бетарафии Туркманистон шаҳодати он аст.

Вобаста ба мавқеи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳалли ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ, муқовимати муассир бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмин кардани сатҳи рушди сифатан нав ҳамаи захираву имкониятҳоро дорад.

Амалӣ намудани барномаҳои хислати минтақавидошта дар бахшҳои энергетикаву алоқа, нақлиёту коммуникатсия ва эҷоди технологияҳои нав барои афзоиши имкониятҳои Осиёи Марказӣ, ба боло бурдани некӯаҳволии мардумони мо ва пешрафти минтақа нигаронида шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки талошҳои муштараки мо ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ муҳимтарин масъалаи рӯз мебошад.

“Дар ин росто, ҳамкорӣ бо Туркманистон, ки имкониятҳои назаррас дорад, барои мо махсусан муҳим аст ва Тоҷикистон барои тавсеа ва таҳкими он саъй хоҳад кард” - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президент ва мардуми туркманро бо ҷашни бетарафӣ самимона табрик гуфта, таъкид намуд, “ҳадафҳои мазкур бо асли бетарафии Туркманистон на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва равобити бисёрсамтии байналмилалӣ, балки ба афзалият доштани масъалаи рушди умумиинсонӣ нигаронида шудаанд ва комилан мутобиқ мебошанд”.

Бо ҳамин кори Ҷаласаи умумии Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 декабр пас аз иштирок дар кори Ҷаласаи умумии Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” аз шаҳри Ашқободи Туркманистон ба Ватан баргашт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво