28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

565
28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона табодули табрикоти самимии солинавӣ ва таманниёти неки бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони тоҷику ӯзбек намуданд.

Сарони давлатҳо суръати баланди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли сипаришаванда, инчунин зуҳуроти мусбат дар соҳаи шарикии минтақавӣ, ки мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳои тамоми Осиёи Марказӣ мундариҷаи нави амалиро фаро мегирад, бо қаноатмандӣ зикр намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар рушди ин равандҳои созанда таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории дарозмуҳлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи самтҳо дар сиғаи шарикии стратегии ҳарду кишвар изҳори итминон намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин як зумра масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо баррасӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво