18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Саидҷаъфар Исмонов: “Қонуни Пешвои миллат - рӯҳи тоза дар тани ормонҳои миллист”

1120
-Имрӯз зимни иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид.
Вобаста ба қабул шудани санади таърихӣ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов андешаҳои худро чунин иброз дошт: “Қабул шудани Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки бо ташаббуси як гурӯҳ вакилони мардумӣ ва дархости шаҳрвандони мамлакат пешниҳод шуда буд, зарурат, тақозо ва эҳтиёҷи миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Ҷои зикр аст, ки дар ҳама давру замон, дар ҳама халқу миллатҳо шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз миллат ва давлати худро аз хатари нобудшавӣ наҷот медиҳанд. Номи чунин шахсиятҳо манбаи ифтихор ва муаррифгари чеҳраи таърихии он миллатҳо мегардад. Таърих исбот кардааст, ки номи қавму халқиятҳои зиёд бо сабаби надоштани пешвои миллӣ аз ҳофиза ва харитаи ҷаҳон нест шуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассос ва тақдирсоз масъулиятро ба дӯш гирифта, бо гурӯҳҳои силоҳбадаст, бо мухолифини сиёсӣ гуфтушунидҳои мураккабу душворро оғоз кард, аз роҳи сулҳ, ки худ интихоб карда буд, берун нашуд, таҳаммул кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз оташи ҷанги хонумонсӯзу нестшавӣ наҷот дод. Дар атрофи ҳадафҳои миллӣ гурӯҳҳои силоҳбадасту созмону ташкилоти мухолифро муттаҳид карда, гуфт, ки: “хунро бо хун намешӯянд, хунро бо об мешӯянд”. Маҳз баъд аз ҳамин суханони Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон- ҳазор силоҳбадастон силоҳ ба замин гузошта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд. Имрӯз бар асари сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишваре мубаддал гаштааст, ки арзишҳои волои демократияро эътироф ва риоя мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон на танҳо кафолат дода шуданд, ҳамчунин таъмин мебошанд. Дар ҳамаи муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир ҳам дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳам дар ҳаёти байналхалқӣ ба даст овард, бешубҳа, ташаббус ва саҳми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми бештар дорад. Ҳоло Тоҷикистонро 151 давлати дунё эътироф карда, бо 126 мамлакат робитаҳои дипломатӣ ҷорӣ шуда, дар он кишварҳо намояндагиҳои расмии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ роҳбари Тоҷикистон бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯяд ва ба ифтихори кишвари мо парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта мешавад, ки ин худ нишонаи эътироф шудани Сарвари давлати тоҷикон ҳамчун пешвои сиёсӣ мебошад. Ба ҳамин тартиб, чун ҳама муваффақиятҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, пас месазад, ки ӯро ҳамчун Пешвои миллат унвонгузорӣ кунем. Худи Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвон ниёз надорад, балки ин барои миллати мо дар шароити мураккабу зуд-зуд тағйирёбандаи замони муосир зарур мебошад. Мо худ шоҳиди зинда ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои олам бинобар надоштани пешвои миллӣ даҳсолаҳо боз ҷангу хунрезӣ идома дорад, сулҳу суботу оромӣ дар он кишварҳо ҳамчун орзуи амалинашаванда боқӣ мондаанд.
С.Исмонов суханони худро ҷамъбаст карда гуфт, ки дар чорроҳаи ҳадафҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ эътироф кардану ҳамчун давлат пойдор мондани Тоҷикистон хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст. Бинобар ҳамин ман изҳор мекунам, ки Қонуни Пешвои миллат рӯҳи тоза дар тани ормонҳои миллии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» зикр намуд, ки Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳияву пешниҳод гардида, аз муқаддима ва 16 модда иборат аст. Дар қонуни мазкур мафҳуми «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», салоҳиятҳо, орден, ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво