29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҳиндустон

703
Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба кишвари меҳмоннавози мо хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки ин ташриф ба Тоҷикистон ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди байни кишварҳо, ки мунтазам инкишоф меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Заминаи мустаҳками меъёриву ҳуқуқӣ аз 60 санади муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва низомиву-техникӣ иборат аст.

Барои татбиқи самарабахши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳкими муколамаи сиёсии ҷонибҳо, робитаҳои байнипарлумонӣ ва барои густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фаъолтар кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ва захираҳои бузурги неъматҳои моддии Тоҷикистон ҷалби сармоя ва технологияи муосири Ҳиндустон ба кишвари мо ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо муассисаҳои саноатии Ҳиндустон барои ҳар ду ҷониб муҳиму манфиатбахш маънидод гардид.

Захираҳои бузурги табиӣ, бахусус дар бахши гидроэнергетика имкон фароҳам меоранд, ки ширкатҳои давлативу хусусии ҳиндӣ мустақиман дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла тавлиди энергияи таҷдидшаванда ҳузур дошта бошанд.

“Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металлу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин ҷавоҳирот ҳамкорӣ намоем”,- таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Тоҷикистон зиёда аз дусад чашмаи оби маъданӣ, ҳаждаҳ кӯли муолиҷавӣ ва зиёда аз се ҳазору панҷсад навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки имкониятҳои зиёдеро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб ва туризми табобатӣ, таъсиси марказҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва бемористонҳои муштарак, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ фароҳам меоранд.

Дар самти рушди робитаҳои башариву фарҳангӣ ва илмӣ иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон барои ҷудо намудани стипендияҳои таълимӣ ва омӯзишӣ тариқи Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин Шӯрои робитаҳои фарҳангии Ҳиндустон таъкид гардид.

Ҳар ду кишвар дар соҳаи амният ва мудофиа ҳамкории босамар доранд ва ҷонибҳо ба фаъолияти Гурӯҳи тахассусии байни мақомоти мудофиавӣ баҳои баланд доданд. Бунёди госпитали дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар вилояти Хатлон ва омода кардани кадрҳо ифодагари воқеии ин ҳамкорӣ мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар доираи Гурӯҳи муштарак оид ба масъалаҳои амниятиро муҳиму саривақтӣ шумурданд.

Таъмини сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ арзёбӣ гардид.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар ҳошияи созмонҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории доманадор доранд ва ҳамёрии давлатҳо дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай боз як омили пешбурди ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули афкор карданд.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул ва санадҳои зерин имзо шуданд:

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба тадқиқоти соҳаи кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Шӯрои марказии тадқиқотӣ дар соҳаи тибби юнанӣ Ташкилоти мустақили назди Вазорати Аюши Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тибби юнанӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;

— Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивеканандаи Ҳиндустон.

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковинд оид ба натиҷаҳои мулоқот барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво